ТАМОШОИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ

188

(28.12.2023) дар факултети геологияи ДМТ устодон ва донишҷӯён Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пахши мустақимро тамошо намуданд. Дар тамошои дастаҷамъона ҳамаи устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ қабл аз ифтитоҳи суханронии Пешвои муаззами миллат ба қироати оҳанги садои суруди миллӣ ҳамнаво шуданд.

Дар паёми навбатии худ Президенти кишвар вазъи кунунии рушди кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода, самтҳои асосии рушди соҳаи илму маорифи Тоҷикистонро барои солҳои оянда муайян намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи илму маориф изҳори назар намуданд.

Бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи маориф Президенти кишвар дар Паёмашон иброз намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани шароити зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла кормандони илм маоши онҳо аз 01.07.2024 ба 40% зиёд карда шуд, ки ин худ аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи медихад.