АНҶОМИ КОРИ БАХШҲО….. ҲАМКОРИҲО ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕШАВАНД

139

АНҶОМИ КОРИ БАХШҲО

ҲАМКОРИҲО ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕШАВАНД

Мувофиқи шартномаи дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия имрӯз 16.11.23 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон лексияи маҷозии (онлайнӣ) н.и.г.-м., дотсент Горбуцов Денис Николаевич, мудири кафедраи геологияи муҳандисии  Донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия (МГРИ) ба номи Серго Орҷоникидзе баргузор гардид.

Лексияи маҷозӣ (онлайнӣ) дар мавзӯи “Қонунҳои асосии геологияи муҳандисӣ ва намудҳои гузаронидани корҳои геологӣ муҳандисӣ дар иншоотҳо” хонда шуд. Дар лексияи маҷозӣ (онлайнӣ) устодон ва донишҷуёни факултети геологияи ДМТ иштироки фаъол намуданд.

Дар анҷом саволҳо аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба профессор Горбуцов Д.Н. дода шуда ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

P.S. Дар баргузории лексия мушовири Ректори донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе д.и.иқт., профессор Курбанов Нурали Ҳайдарович иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷом барои дар сатҳи баланд анҷом додани бандҳои шартномаи тарафайн миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия ба ректори Донишгоҳи азизамон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири ректори ДДГИР (МГРИ), профессор Курбанов Нурали Ҳайдарович, д.и.г.м., профессор  Литвиненко А.К., ҳайати устодону профессорони ДДГИР (МГРИ),    садорат, устодону донишҷӯёни факултети геологияи ДМТ изҳори сипоси беандозаи худро мерасонем.

Умед  мебандем,  ки ин табодул ва ҳамкориҳои тарафайн минбаъд ҳам идома хоҳанд ёфт.

Садорати факултети геологияи ДМТ

Возможно, это изображение 9 человек и отдел новостей
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 7 человек и отдел новостей
Возможно, это изображение 5 человек, люди учатся и отдел новостей