Дар оғоз декани факултет Андамов Р.Ш. меҳмононро хайрамақдам гуфта амалишавии бандҳои шартномаи дуҷонибаро саривақти ҳисобиданд.Қобили қайд аст, ки мувофиқи шартномаи дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия имрӯз 14.11.23 дар факултети геологияи ДМТ Лексия дар мавзуи “Канданиҳои фоиданоки минтақаи Нуристон-Помири Ҷануби” бо иштироки ЛИТВИНЕНКО А.К. д.и.г.-м., професори кафедраи минералогия ва геммологияи донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе баргузор гардид. Дар лексия устодон ва донишҷуёни факултет иштироки фаъол намуданд. Дар анҷом саволҳо аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба профессор Литвиненко А.К. дода шуда ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Дар баргузории лексия мушовири Ректори донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе д.и.иқт., профессор Курбанов Нурали Ҳайдарович иштирок ва суханрони намуданд.(Кори бахшҳо идома дорад)