ШОДБОШИ

177

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, қоллеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) озмуни шаҳрии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардида буд. Дар озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физикаю астраномия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуданд. Хушбахтона имрӯз (28.10.23) дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи наминатсияи ГЕОГРАФИЯ дар даври ҷумҳуриявӣ Қориев Фаридун Ғиёсович донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 51010100 – Аксбардории геологӣ ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки факултет сазовори ҷои 2-юм гардид.Аз ин рӯ садорати ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ , кулли устодон, кормандон ва донишҷӯён донишҷӯ Қориев Фаридун Ғиёсович-ро ба муносибати сазовор гадидан ба ҷои 2-юм табрику таҳният намуда, барояш дар хонишҳои минбаъда мувафақиятҳо, бурдбориҳои зиёд ва беназирро хоҳонанд

Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 9 человек и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 1 человек и текст
Возможно, это изображение текст