ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ

190

Имрӯз (24.10.2023) дар ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ вохурии навбатии муовини сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили ВКД ҶТ полковники милитсия, Аслиддинзода Баҳром ва подполковники милитсияи ҳамин шуъба Ҷуразода Абдувоҳид бо донишҷӯёни факултет баргузор гардид.Дар вохури қайд карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимои интернетӣ ва мақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ мебошад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуфӣ роҳ надиҳанд ва доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишчӯён, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба нашъамандӣ, шомил шудани онҳо ба ҳар гуна равия ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавононд ба мақомоти корҳои дохилӣ такя намоянд. Дар идомаи вохӯрӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зикр намуданд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ, пойдории сулҳу суботи кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад.Дар анҷоми вохури аз тарафи командани ҳифзи ҳуқуқ ёдовари аз шароитҳои фароҳамовардаи имрӯзаи давлату ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар паёмҳои хеш нақши ҷавононро дар сиёсати давлатӣ баҳогузорӣ намудаанд.

Возможно, это изображение 8 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 8 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 7 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 5 человек и люди учатся