ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ

166

Рӯзи (18.10.2023) дар ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ мувофиқи нақша чорабиниҳои садорат вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни курсҳои 1-ум гузаронида шуд. Сараввал декани факултет дотсент, Андамов Р.Ш. волидайнро барои ташриф оварданашон ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам ва изҳори сипос гуфта, иброз намуданд. Қайд гардид, ки садорати факултет пайваста кушиш менамояд бо волидайни донишҷӯёни факултет чунин вохуриҳоро ба роҳ монда, мудом аз рафтору кирдори донишҷӯён волидайни онҳо низ огоҳ бошанд.Сипас мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳ дотсент, Саидов Ҳ ба сухан баромада иброз намуд, ки мақсади баргузории чунин вохуриҳо барои боз ҳам боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзанд, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии факултет ва донишгоҳ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ кори муфиду самаранок мебошад.Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимои интернети ва мақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ аз назар дур нест. Дар охир чанд нафар аз волидайни донишҷӯён ба сухан баромада иброз намуданд, ки чунин вохуриҳо саривақтӣ буда, робитаи волидайн бо муассисаи таълимиро боз ҳам зичтар месозад.

Возможно, это изображение 13 человек и люди учатся
Возможно, это изображение 3 человека, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 11 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 10 человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение 8 человек, люди учатся и текст