Дар ин рӯзҳои фасли тобистон мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлил намудани яке аз идҳои соф миллии худ қарор доранд. Хушбахтона рӯзи ваҳдати миллӣ – 27 июнҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Имсол бошад, дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.Албатта, сулҳ ва ваҳдат дар қатори модар-ватан калимаҳои хеле азизу муътабар ба ҳисоб мераванд. Зеро ҳамеша вақте, ки ин калимаҳо ба забон оварда мешаванд, ҳар нафарро ҳаяҷону ҳиссиёти гуворо фаро мегирад. Калимаҳои сулҳу ваҳдат дилчаспу дилнишин буда, аз забони пиру барно шево садо медиҳанд. Дар бораи сулҳу ваҳдат дар ашъори шоирони мо суханҳои самимӣ ва мазмунан хеле баланд гуфта шудаанд. Масалан:Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон,Сулҳ ҳамоҳанги дили модарон.Месароем сулҳро дар сози сулҳ,То шавад дунё пур аз овози сулҳ.Ё ин ки устод Рустами Ваҳҳоб андешаи худро оид ба Ваҳдати миллӣ чунин баён намудааст:Ваҳдати миллат бақои миллат аст,Устувор аз муддаои миллат аст.Ё ин ки дар ҷойи дигар чунин гуфта шудааст:Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.Дар ҳақиқат калимаҳои сулҳ ва ваҳдат барои ҳар як нафар мардуми мо бояд муқаддас ва азиз бошад. Зеро сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон осон ба даст наомадааст. Барои бастани аҳдномаи сулҳ 27 июни соли 1997 – баъди 8 давраҳои гуфтушунид дар солҳои 1994 то 1997 миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд. Ин санаи таърихӣ барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол умеду ормони зиёдеро ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон ба бор овард. Бояд қайд намуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 – 27 июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд, тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ҳисоби мутахассисон ба беш аз 15 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст. Як чизи дигаре, ки ба назари мо талафоти барқарорнашаванда мебошад, ин кӯч бастани мутахассисони касбу кори гуногун аз кишвар буд. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.Хушбахтона имрӯзҳо ваҳдат ва сулҳи тоҷикон барои аҳли сайёра мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ барои пешрафт ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар заминаи воқеӣ фароҳам оварданд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки танхо бо роҳи якдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.Натиҷаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки кишвари азизамон сол то сол ободу зебо гардида, ба пешрафту комёбиҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Дар кишвар якчанд ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат дар амал татбиқ гардида, марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Дар ҳақиқат дарахте, ки Президенти кишвар ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширинеро ба бор оварда истодааст. Сохтмони мактабу беморхонаҳои замонавӣ, роҳу пулҳо, нерӯгоҳҳои барқиву аловӣ, корхонаву фабрикаҳои истеҳсолӣ, истироҳатгоҳу толорҳои варзишӣ ва ҳазорҳо иншооту биноҳои истиқоматӣ ва дигар бунёдкориву ободонӣ дар кишвар далели гуфтаҳои боло мебошанд.Ҳамин тавр, мо аҳли зиёро зарур аст, ки моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллиро ба насли ҷавону наврас дуруст расонида, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз тарбия намоем ва ин гавҳари ноёбро ҳифз кунем. 26 – умин солгарди Ваҳдати миллиро барои мардуми шарафманди Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯем.
Домой Ахбор