Рӯзи 19.10.23 дар ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДМТ мувофиқи нақша-чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчунин мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи ректори Донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва мутассадии барномаи мазкур дар факултет – мудири кафедраи минералогия ва петрография, дотсент Фозилов Ҷ.Н. ҷиҳати амалисозии татбиқи бандҳои нақша-чорабиниҳои дохилию идоравӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва консепсия вохурии навбати устодони факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо устодон ва донишҷӯён факултети геологияи ДМТ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Мирзоахмедов Фирдавс Ахмедович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ва коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ва Истамов Рустам Абдусаломович ассистенти кафедраи мазкур оиди мувоқимат ба экстремизм ва терроризм ҳамчун зуҳуроти манфии иҷтимоии дар ҷамъият суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки дар шароити бунёди давлатии демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон таъмини реҷаи ягонаи қонуният, таҳкими волоияти қонун, субботу оромии кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беш аз пеш аҳамияти аввалиндараҷаро пайдо менамояд. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи сайёра ва авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Дар воқеъ инсониятро имрӯз дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроизм ва экстремизм таҳдид дорад, ки бо оқибатҳои ҳуснангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу суббот ва Истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад.Аз ҷониби меҳмонон гуфта шуд, ки экстремизм ва терроизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Таърих он аст, ки терроизм ва экстремизм – ҳамчун намуди ҷинояткорӣ ҳолати манфист. Терроризм, экстремизм, террорист, экстремист, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ – калимаю ибораҳое мебошанд, ки одатан ҳар рӯз ба воситаи расонаҳои хабарӣ пахш шуда, шаҳрвандонро безобита мекунанд ва боиси ноумедии онҳо аз зиндагии хушу осоишта мегарданд. Умуман, дар ҷумҳурӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ оид ба терроизм ва экстремизм диққати махсус дода намешуд, гарчанде ки ин масъала дар кодекси пештара низ ҷой дошт, зеро то соли 1990 дар ҷумҳурӣ терроризм ба мисли ҳозира ин қадар авҷ нагирифта буд. Дар арсаи байналхалқӣ низ ин гуна сурат ҷой дорад. Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ хело бераҳмона сурат мегиранд. Он бисёртар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ ва экстремистӣ афзуда истодааст. Масалан, ҳизбу ҳаракатҳои «Ал-қоида», «Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҲИУ), «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Таблиғ», «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «Давлат ул-ислом», «Салафия», «Ҷабҳат ун-нусра», Ҳизб ун-таҳрир» ва ҳамчунин, «Давлати исломӣ» ва «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» мувофиқ ба даъвоҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизбу ҳаракатҳо ташкилотҳои экстремистию террористӣ эълон шуда, фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Оид ба терроризм ва экстремизм дар замони муосир ва моҳияти он ақидаҳо бисёранд. Дар ҷамъият ба омилҳои терроизм аз нигоҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ ва дар як вақт динӣ бояд баҳо дод, вале дар вақти мубориза алайҳи терроризм дар ҷамъият бояд аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ баҳо дод. Дар акси ҳол дар ҷамъият мубориза бо зуҳуроти манфӣ бурдан ғайримкон аст. Ақидаҳои гуногуни дар байни олимон мавҷударо бо ақидаи олим Х.С. Хомушов метавон ҷамъбаст кард. Ӯ қайд мекунад, ки на «терроризми исломӣ», на «терроризми насронӣ», на «Терроризми курдӣ» ва на «терроризми ирландӣ», балки ҷиноят ва ҷинояткор арзи вуҷуд дорад. Терроризм ин бадбахтии умум буда, ба он мумкин аст, танҳо бо саъю кушиши якҷояи давлатҳо ва халқҳо, сарфи назар аз мансубияти динӣ ва миллаташон мубориза бурд. Аз ин хотир, давлатҳои гуногуни дунё баҳри мубориза бо ин зуҳурот дар якҷоягӣ мубориза мебаранд. Дар охир баромадкунандагон қайд намудаанд, ки роҷеъ ба ин масъала ҳанӯз дар паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрели соли 2008 нисбати ин масъала нигоҳи махсуси давлат зоҳир карда шуда буд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, к ибо он мо бояд дар ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳои дуру наздик мубориза барем. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, на танҳо мо намояндагони илму фарҳанг ва маориф, балки аҳли зиё, ходимони динӣ ва ҳар як сокини диёрамонро эҳсоси масъулият ва қарзи инсониву имонӣ мебояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявию динии мардум, хусусан, ҷавонон, арҷгузорӣ ба асолати фарҳанги ниёгон, эҳтирому посдории арзишҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат саҳми бевосита гиранд.
Домой Ахбор