ТАЪМИНИ ДОНИШҶӮЁНУ ХАТМКУНАНДАГОН БА ҶОЙИ КОРӢ ВА ТАҶРИБАОМӮЗИҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

29

Санаи (28.01.2026) дар факултет бо иштироки намояндагон ҶДММ “Маъдан ва Тиҷорат” – сардори шуъбаи ҳуқуқ Абдуҷаборзода Амирҳамза, – сардори шуъбаи кадрҳо Раҷабова Фотима ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳ Алиева Гулрухсор вохӯри ва ба ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет инчунин фаро гирифтани донишҷӯён курсҳои 3-юм ва 4-ум ба таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.

Декани факултет Холзода Б.К. меҳмононро ба факултет хайрамақдам намуд.Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҶДММ “Маъдан ва Тиҷорат” суханрони намуда оиди шароитҳои мавҷудаи корхонаи худ ба хатмкунандагони факултет маълумот доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳар чи зудтар ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, шартномаи тарафайнро ба имзо расонанд.Дар охир байни донишҷӯён ва меҳмонон суҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.