Санаи (12.05.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки кормандони соҳаи геология вохӯри ва ба ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагон аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саридораи геология назди Ҳукумати ҶТ, Сардорони экспедитсияҳо ва сохторҳои таркибии он иштирок ва суханрони намуда оиди шароитҳои мавҷудаи корхонаҳои худ ба хатмкунандагони факултет маълумот доданд.
Сипас, намояндагони муасисаи илмӣ ва корҳонаҳои истеҳсолӣ ба факултет ҳозир гардида бо ҳамроҳии декани факултет Андамиён Р.Ш. барои таъмин намудани донишҷӯёни факултет ба таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ суҳбату музокироти дуҷониба анҷом доданд.