Санаи 13.11.2025 дар факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (шахси масъул дар факултет дотсент, Давлатзода Ф.С.) чорабини баргузор гардид.
Дар чорабини устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Шерализода Самиаллоҳ ва Саидов Шермуҳамад иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.Баромадкунандагон дар мавзуи “Коррупсия ва роҳҳои пешгирии он” баромад намуда қайд карданд, ки коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд.
Бовуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад.
Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.Дар анҷом аз ҷониби устодон қайд карда шуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа буда, барои решакан намудани он тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад.
Дар охир байни донишҷӯён ва устодон саволу ҷавоб сурат гирифт.















