ТАБРИКОТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ГЕОЛОГҲО

9

Ҳамасола 9 – уми декабр ҳамчун Рӯзи геологҳо таҷлил карда мешавад. Аз номи аҳли устодону кормандону шогирдони факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбишон табрик менамоем.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи мутахассисони маҳаллӣ – геологҳои ватанӣ ба таври пайваста равона гардидаасту мегардад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо мутахассисони баландихтисос дар самтҳои гуногуни геология – аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ), иқтисод ва идора дар корхонаҳо (саноати кӯҳӣ), гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, гидрология ва пиряхшиносӣ, геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, усулҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок тарбияву камол ёфта, фаъолияти пурсамар доранд.

Дар тайёр кардани мутахассисони самтҳои болозикр саҳми факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ карда мешавад.Ҳанӯз, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳимми таҳкимбахши иқтисодиёти миллӣ – геология таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудаанд. Барои такмил додани ин соҳа ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар самти омӯзиш ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.Аҳаммияти таърихӣ пайдо намудани рӯзи геологҳо рамзист. Санаи 9-уми декабри соли 2011 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таҷдиду азнавсозии осорхонаи геологии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтани он, сабаби эълон гардидани иди касбии геологҳои тоҷик гардид. Боиси ифтихор аст, ки ин санаи муҳимро кормандони соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ баҳри таъмини соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти саноати миллӣ истиқбол мегиранд.Таҳлилҳои илмиву ихтисосӣ нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо яке аз омилҳои рушду инкишофи давлатҳои абарқудрат маҳз истихроҷ ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок дида мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза, маҳз кишварҳое рӯ ба рушд ниҳодаанд, ки таваҷуҳи хоса ба соҳаи геология доранд. Дар сохтори омории саноати истеҳсолии ин давлатҳо ҳиссаи соҳаи истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок нисбат ба дигар соҳаҳо баланд мебошад.

Воқеияти масъалаи мазкурро давлату ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, пайваста дар паёмҳояшон ин масъаларо таъкид менамоянд. Сол ба сол дастгириҳои давлатӣ тавассути механизмҳои ташкилию иқтисодӣ барои баланд бардоштани сохтори оморӣ истихроҷӣ саноатӣ зиёд гардида, ба ин соҳаи муҳим диққати ҷиддӣ дода мешавад. Воқеан ҳам барои пиёда намудани ин масъала ҳамгирои илмию истеҳсолӣ баҳри тайёр намудани кадрҳои соҳа муҳиму зарур ва талаботи замон мебошад.Ба андешаи мо соҳаи геология яке аз муҳаррикҳои асосии ташкили истеҳсолоти иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой мебошад. Саҳми геологҳои тоҷик баҳри омӯзиш ва ба истихроҷи саноатӣ пешниҳод намудани он ба истеҳсолот назаррас дониста мешавад.Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни рушди соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз омӯзишҳои қаъри замин нақши муассир доранд. Сарзамини мо аз қадим бо сарватҳои табиӣ шӯҳрат дошта, сокинон онҳоро барои пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон геология ба яке аз соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ табдил ёфт. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ин соҳа чун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муаррифӣ гардида, ҷиҳати пешрафт ва рушди он имкониятҳои зарури фароҳам оварда шудааст.Дар ин замина геологҳо баҳри омӯзиш ва иктишофи конҳои нав ва ба истихроҷи саноатӣ пешниҳод намудани онҳо нақши ҳалкунанда мебозанд. Натиҷаи фаъолияти пурсамари геологҳо мебошад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ рушди истеҳсоли канданиҳои фоиданок чун тилло, нуқра, сурма, сурб, нафту газ ва масолеҳи сохтмонӣ рӯ ба афзоиш доранд.Итминони комил дорем, ки маҳз донишу заҳмати геологҳои тоҷик метавонад дар оянда баҳри омӯзиши дақиқи конҳои канданиҳои фоиданок ва дар ин замина барои такмил додани омори истихроҷи саноатӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои муносибро ба вуҷуд меоварад.Бори дигар аз фурсати муносиб истифода намуда кулли геологҳои тоҷикро ба ин иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар пешрафти соҳа ва кору фаъолияти ояндаашон барору комёбиҳо хоҳонем.

Холзода Бахтиёр Кишвар – н.и.и., дотсент, декани факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.