Рӯзи 19.06.24. донишҷӯёни курсҳои якуми факултети геологияи ДМТ, ки дар таҷрибаомӯзии таълимӣ аз фанни геология дар пастхамии Зидеҳ қарор доранд аз ҷониби устодон ва донишҷӯён як чанд маршрути геологӣ анҷом дода шуд. Дар рафти гузаронидани маршрутҳои геологӣ ба донишҷӯён оиди равандҳои гуногуни геодинамикӣ, фаъолияти обҳои равон, сел, обҳои зеризаминӣ, ҷинсҳои кӯҳие, ки дар шароитҳои обӣ ва хушкӣ ба вуҷуд омадаанд, таҳшиниҳои аллювиалӣ, пролювиалӣ, коллювиалӣ, делювиалӣ, элювиалӣ бевосита дар шароити саҳроӣ маълумоти зарури пешниҳод карда шуд.