ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИДИ КАСБИИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИК ДАР ФАКУЛТЕТ

27

Санаи 9-уми декабри соли 2024 дар факултети геологияи ДМТ бахшида ба Иди касбии геологҳо, ки ҳамасола 9–уми декабр ҷашн гирифта мешавад, чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии илмӣ-амалӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет низ фаъолона иштирок намуданд.

Сараввал декани факултет, дотсент Андамиён Р.Ш. табрикномаи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҳозирин баён намуданд.

Декани факултет, дотсент Андамиён Р.Ш. зимни суханронии муқаддимавии хеш устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет, инчунин, алоқамандони соҳаро ба Иди касбӣ муборакбод гуфта, иброз дошт, ки барои коллективи ин боргоҳ ва умуман олимону мутахассисони соҳа 9 – декабри соли 2011 рӯзи фаромӯшнашаванда ва таърихӣ аст. Дар ин рӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи геология баргузор гардид. Ин санаи муборак «Рӯзи касбии геологҳои тоҷик» эълон гардид. Гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои рушди соҳа ва зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ тадбирҳои зиёд андешиданд.

Дар идомаи кори чорабинии илмӣ-амалӣ устодони факултет Фозилов Ҷ.Н., Файзиев Ф.А., Ғайратов М.Т. ба сухан баромада, саҳми геологон ва соҳаи геологияро дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар ва сохтмони иншооту корхонаҳои мамлакат баланд арзёбӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро эълон доштанд ва дар самти амали гаштани иқдоми навбатӣ саҳми мутахассисони соҳаи геологияи ватанӣ муҳим мебошад. Зеро, мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо муҳим мебошанд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 60 номгӯи канданиҳои фоиданок аз қабили тиллову нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, намак, флюорит ва ғ. коркард карда шуда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд ва барои омӯхтан, ҷустуҷӯву иктишоф ва коркарди онҳо мутахассисони соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ хеле лозим аст.

Зимнан гуфта шуд, ки имрӯз дар рушду инкишофи соҳаи геология фаъолияти пурсамари олимони соҳаи маҳаллӣ низ, ба монанди Сороҷон Юсупова, Рауф Баротов, Абдулҳақ Файзиев, Абдураҳим Ҳасанов ва дигарон низ назаррас аст. Олимони факултети геология якҷоя бо олимони дигар давлатҳо корҳои илмии худро дар минтақаҳои гуногуни кишвар дар соҳаҳои гуногуни геология давом дода, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

Аз ҷумла, олимони факултет якҷоя бо ҳамкорони рус дар даврони истиқлол якчанд минералҳои навро ошкор намуданд. Ба шарафи олимони факултет, аз ҷумла профессорон Баротов Р.Б., Файзиев А.Р., Ҳасанов А.Ҳ. ва Искандаров Ф.Ш. номгузорӣ шудани минералҳои нав – “баротовит”, “файзиевит”, “ҳасановит” ва “искандаровит” шаҳодати он аст, ки олимони тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд ва илми онҳоро олимони соҳа қадр мекунанд.

Дар анҷоми чорабинии илмӣ-амалӣ барои таҳсили хубу аъло ва рафтори намунавӣ зумрае аз командону донишҷӯёни факултет бо Сипоснома қадрдони гардиданд.