
Санаи 9-уми декабри соли 2025 дар факултет бахшида ба Иди касбии геологҳо, ки ҳамасола 9–уми декабр ҷашн гирифта мешавад, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини аввали Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди Ҳукумати ҶТ Мирзозода Ардашер, муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Исмоил Султон, декани факултети механикаю математикаи ДМТ Саидзода Исроил, намоянда аз Колеҷи куҳи ба номи Сороҷон Юсупова ш. Душанбе ва устодону донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал декани факултет, дотсент Холзода Б.К. табрикномаи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба ҳозирин баён намуд.
Декани факултет, дотсент Холзода Б.К. зимни суханронии муқаддимавии хеш устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет, инчунин, кормандони соҳаро ба Иди касбӣ муборакбод гуфта, иброз дошт, ки барои коллективи ин боргоҳ ва умуман олимону мутахассисони соҳа 9 – декабри соли 2011 рӯзи фаромӯшнашаванда ва таърихӣ аст. Дар ин рӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи геология баргузор гардид. Ин санаи муборак «Рӯзи касбии геологҳои тоҷик» эълон гардид. Гуфта шуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои рушди соҳа ва зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои иктишофӣ – геологӣ тадбирҳои зиёд андешиданд.

Дар чорабинии меҳмонон ба сухан баромада, саҳми геологон ва соҳаи геологияро дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар ва сохтмони иншооту корхонаҳои мамлакат баланд арзёбӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро эълон доштанд ва дар самти амали гаштани иқдоми навбатӣ саҳми мутахассисони соҳаи геологияи ватанӣ муҳим мебошад. Зеро, мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар кишвар зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ кашф гардидааст, ки омӯзиш ва истихроҷи онҳо барои иқтисодиёти кишвари мо муҳим мебошанд. Хушбахтона, имрӯз зиёда аз 60 номгӯи канданиҳои фоиданок аз қабили тиллову нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳову ороишӣ, намак, флюорит ва ғ. коркард карда шуда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд ва барои омӯхтан, ҷустуҷӯву иктишоф ва коркарди онҳо мутахассисони соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ хеле лозим аст.
Дар анҷоми чорабини аз тарафи намояндаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бархе аз устодони факултет Сипоснома тақдим карда шуд. Ҳамчуни аз чониби садорати факултет барои донишҷӯён, ки таҳсили хубу аъло ва рафтори намунавиро доро мебошанд бо Сипоснома қадрдони гардиданд.







