СУҲБАТҲОИ САМИМӢ БО БОШАНДАГОНИ ХОБГОҲ

4

Дар асоси дастури Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 01.04.2026с. як гурӯҳ устодони кафедраи геология ва иктишофи ККФ-и факултет дар хобгоҳҳои №6 ва 8 дидан намуданд.

Дар рафти навбатдори аз ҷойи зисти донишҷӯён ва ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуданд.Дар рафти баргузории суҳбат устодон бо донишҷӯён аз шароитҳои фароҳам оварди Раёсати Донишгоҳ ёдовар шуда, оид ба талабот ва қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, доир ба нагаривидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, фарҳанги дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ, самаранок истифода бурдан аз китобхонаҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат гузарониданд.