СЕМИНАР ДАР ҲОШИЯИ “СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – 2025”

19

Имрӯз (20.12.2024) дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмию амалӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур бо иштироки устодону донишҷӯёни факултетҳои геология ва физикаи ДМТ гузаронида шуд.

Семинарро декани факултети геология н.и.г.-м., дотсент Андамиён Р.Ш оғоз намуда, ҳозиринро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайра мақдам гуфт.

Зимнан сардори Маркази омӯзиши пиряхҳои Агентии обуҳавошиносӣ Раҳмонов Рамазон баромад намуда, аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки пайваста аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба СММ пешниҳод гардидааст ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Яке аз онҳо ин қабули қатънома оид ба соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Зимнан мутахасисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Агентии обуҳавошиносӣ Ҳоҷиев Абдусамад – сардори шуъбаи яхшиносии Марказ, Ҷурабеков Тамлихо- сардори шуъбаи иттилоот ва бойгонии Марказ, Хушназарова Зебо, Гиёев Амиршо, Раҳимзода Давлатҷон – мутахассисони маркази мазкур баромад намуда, оид ба омӯзиш ва баҳо додани минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ва ё ин ки ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ, ҳолати пиряхҳои назоратӣ (репрезентивӣ) дар ҳар як ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла пиряхҳои: Хирсон ва РГО –ҳавзаи дарёи Ванҷоби ноҳияи Ванҷ, Гармо, Дарвоз ва Мазорӣ –ҳавзаи дарёи обихингоби ноҳияи Сангвор (Тавилдара), Баралмос, Дидал ва Қизилкули – ҳавзаи дарёи Сурхоб ноҳияи Нуробод ва Лахш, Зарафшон, ГГП, Рама, Дихаданг ва Турои –ҳавзаи дарёи Зарафшон –ноҳияи Айнӣ, Федченко ва Фортамбек –ҳавзаи дарёи Муқсу, Якарча –ҳавзаи дарёи Варзоби –ноҳияи Варзоб ва ғайра мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми семинари илмӣ миёни мутахасисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар фарҷоми семинари илмӣ Сардори шуъбаи илм ва техтикаи ДМТ Абдуллозода Р.А. минатдории роҳбарияти Донишгоҳро ба намояндагони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд хусусан дар сатҳи баланд анҷом додани семинари илмӣ баён намуд.