(Бахшида ба Иди касбии геологҳо — 9-уми декабр
Ба ҳамагон маълум аст, ки роҳи геологҳо ба кӯҳу дашт ва саҳроҳои беканор алоқаи зич дорад. Фатҳи қулла, хусусиятҳои хоси ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо, фаъолияти вулқонҳо, равандҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминиро дар давраҳои гуногуни геологӣ омӯхта, аз теппаҳою кӯҳҳои бе роҳ чун шухдарё роҳ кушода, гузар менамоянд. Тангнову қӯллаҳои кӯҳҳо барои геологҳо як буда ҳарос ва тарас барои баромадан ба он ҷо барои дили геологҳо бегона аст. Оҳуи кӯҳи ба роҳи кушодаи геологҳо, ки ба қуллаҳои кӯҳҳо гузаштааст бо нақши пои геологҳо чун роҳнамо роҳи худро ёфтаву аз он ҷойҳои душвор гузар менамояд. Бе шак роҳи боди кӯҳӣ самти роҳашро аз роҳи тайнамудаи геологҳо бо мақсаду бе сару по мегузарад. Чун дар назар кору пайкор ва фаъолияти рӯзмарраи геологҳо сода менамояд, вале дар асл осон нест зеро роҳи тайнамудаи кормандони соҳа бар нафъи фардои кишвар аст. Воқеан ҳам Ҷумҳурии мо кишвари ганҷҳову табиати нотакрор дорад, ки барои кашфи конҳо ва муайян кардани хусусиятҳои равандҳои геологӣ макони хубест. Бе шак табиати нотакрору боигариҳои зеризаминии он метавонад дар рушду тараққиёти мамлакат саҳмгузор бошад.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи геология яке аз шохаҳои асосии иқтисодиёти давлат буда, аз сохторҳои идоравӣ, ташкилотҳои истеҳсолӣ ва илмии давлатию ғайридавлатӣ, ки талаботи давлат ва ҷамъиятро дар самти омӯзиши геологӣ, афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ ва ҳифзи қаъри замин таъмин менамояд, иборат мебошад. Албатта самтҳои асосии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ҳозираи ривоҷи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ ва хизматрасонӣ дар пешбурди корҳои омӯзиши геологӣ муайян карда, амалӣ шуда истодааст. Вобаста ба шароит ва имкониятҳои замони Истиқлоли давлатӣ такмилдиҳии идоракунии давлатӣ дар ҷодаи омӯзиши геологии қаъри замин, афзунгардонӣ ва истифодаи заминаи ашёи минералӣ ба мувофиқкунонии сохтори ташкилии соҳаи геология ва рушди принсипҳои банақшагирии барномавӣ-мақсаднокии корҳои иктишофи геологӣ як қатор корҳо анҷом ёфтааст. Зарурати марҳилаҳои корҳои дар соҳаи геология иҷрошаванда (корҳои таъиноти умумии геологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ, ҷустуҷӯӣ, баҳодиҳӣ, иктишофӣ ва азхудкунии кон) ин иҷро намудани корҳои илмию методӣ мебошад, ки барои афзунгардонии фонди истифодаи қаъри замин, қисмҳои камёфт ва бозоргири он равона шудааст. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи геология имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст, ки коркарди конҳо, падида ва зуҳуроти конҳоро ба роҳи инноватсионӣ рушду равнақ бахшида, воситаҳои ба даст овардани ахбори геологӣ, коркарди он, тафсиру пешниҳод ва истифодабариро бо технологияи нав амалӣ намуда, коркарди ашёҳои минералӣ ва захираҳои ҷойдоштаро саривақт аз худ намуда, захираҳои онҳоро ба тавозуни давлат ворид менамоянд. Албатта дар сатҳи зарурии замони имрӯза иҷро кардани корҳо, ки аз компютерикунонии системаи ҷамъкунӣ, коркард ва пешниҳоди фаврии маълумотҳои геологӣ, геофизикӣ ва геохимиявӣ ҳамчунин ворид намудани маълумотҳои геологӣ дар барномаҳои навӣ технологияи инноватсионӣ ва сарчашмаҳои расмии ахбори рақамикунонидашуда оид ба истифодаи қаъри замин корҳои зиёд ба сомон расонида шуда истодааст.
Ногуфта намонад, ки барои ин фароҳам овардани шароит ва асоснок намудани технологияи пешқадам ин гузаронидани ҳамаи намудҳои корҳои геологиро якчанд маротиба осон ва сабук намуда, дар шакли электронӣ бо фосилаи вақт ҳам аз замин ва ҳам тавассути дигар моҳвораҳо ва аксҳои кайҳонӣ сатҳу сифати корҳоро хуб иҷро кардан мумкин аст. Мукаммал намудани системаи коркарди ашёҳои хом ва ҷорӣ намудани барномаҳои нав барои тайёркунии мутахассисон корҳои назаррасе ба вуҷуд омадаанд, ки дар омода кардан мумкин аст мутахасисони соҳа нақши муҳим мебозад.
Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳама ниҳодҳои дахлдор барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ бо онҳо шартномаҳо ба имзо расонида чораҳои таъхирнопазир меандешад, то ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои давлатӣ баргузор гардад ва донишҷӯёни факултет корҳои иҷрошавандаро дар амалия дида дар таҷрибаи кории худ самаранок истифода баранд. Ҳамаи ин дастгириҳои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро устодон ва донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, магистрон ва доктор Ph.D эҳсос менамоянд. Воқеан ҳам факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун базаи асосӣ барои омодасозии кадрҳои соҳаи геология дар кишвар маҳсуб мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар факултети геология соли 2019 аввалин маротиба Шурои диссертатсиони барои дарёфти дараҷаи номзади илм дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кушода шуд. Муҳлати фаъолияти Шуро ду сол буд. Дар ин муддат 15-нафар рисолаҳои номзади аз руи ду ихтисос гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ҳимоя кардаанд. Шуруъ аз 1 июли соли 2022 Шурои диссертатсионии муштарак барои дарёфти дараҷаи номзади илм дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунби тобовар ва сейсмологияи АМИТ аз рӯйи се ихтисос ба муҳлати 5 (панҷ) сол тасдиқ шуд.
Албатта садорати факултет ва кафедраҳои марбутаи он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки хатмкунандагони ихтисосҳо дар тамоми корҳои геологии кишвар иштирок намоянд ва ҳамчун мутахассис дар тамоми иншоотҳои сохташаванда, омӯзиши гидрогеологии обҳои зеризаминӣ, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, вайрон гардидани муҳити экологӣ, муайян кардани хатару равандҳои муҳандисӣ–геологӣ, аҳаммият ва зарурати коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, аксбардории геологӣ, дигаргун шудани реҷаи дарёҳо, вайроншавии сарчашмаҳои оби нӯшокӣ ва ғайраҳо кору фаъолият намоянд.
Барои ҳар як корманди соҳаи геология боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзҳо саҳифаҳои таърихи нав ба нави кишвари азизамон–Тоҷикистон варақгардон мешавад, ки шоҳиди кушодани конҳои нав, сохтмони иншоотҳои муҳими саноатӣ, ба истифода додани пулҳою таҷдиди роҳҳо, сохтумонҳои гузаргоҳҳо ва нақбҳои зеризаминии замонавӣ, роҳҳои оҳан, хонаҳои истиқоматии хусусиятҳои хоси миллидошта гардида истодаем, ки дар саҳифаҳои таърихи шоҳкориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт дар таърихи давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар зарфи солҳои Истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геология ба куллӣ тағйир ёфта, кормандони соҳаи геология барои боз ҳам тараққӣ додани Тоҷикистони азиз кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ё бардоштани парда аз лавҳаи корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва дигар корҳои геологӣ ба истифода дода мешаванд, ки инро тамоми кормандони соҳаи геология эҳсос кардаанд. Рӯз ба рӯз соҳаи геологияи тоҷик рушд намуда ба даствордҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Саҳми кормандони соҳаи геология дар кашфи конҳои нав, НБО – и хурду бузург, роҳҳо, пулу нақбҳо хеле калон аст. Рӯйдоди таърихие, ки дар санаи 16–ноябри соли 2018 ба вуқуъ пайваст, ин кушодашавии агрегати аввали НБО-и Роғун буд, ки барои халқи шарифи кишвари азизамон бесобиқа арзёбӣ гардида буд. Ин рӯйдод аз тамоми ВАО-и ҷаҳонӣ инъокос гардида, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ намуд. Барои тараққӣ ёфтани соҳа низ якчанд барномаҳои давлатӣ барои давраҳои гуногун қабул шудааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равонагардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳар чи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад”.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад. Ин раванд ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро бештар тақозо намуда, бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар, соҳаи истифодабарии қаъри замин бояд такмил дода шавад. Ислоҳоти мазкур бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин содагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад. Аз замони таъсисёбии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯзҳо солҳои зиёд паси сар шуда бошад ҳам хатмкардаҳои факултети геология дар ин солҳои пур аз заҳматҳою талошҳо барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва пешрафти геологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузоштаанд.
Бараъло маълум аст, ки дар зарфи солҳои сипаригардида дар дохили кишвари азизамон ҳазорҳо конҳо омӯхта шуда, хулосаҳои геологӣ дода шудааст, қисми зиёди ин конҳои кандании фоиданок ба монанди конҳои тилло, нуқра, волфрам ва дигар элементҳои нодир ба истифода дода шудааст. Ҳамаи инро ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-декабрро «Рӯзи геологҳо», яъне иди касбии геологҳо эълон намуд. Имсол 14-умин сол аст (аз соли 2012), ки дар фазои истиқлоли кишвар Иди касбии геологҳо ҷашн гирифта мешавад. Аз фурсати муносиб истифодаи намуда, устодон ва донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, магистрон, докторони Ph.D ва тамоми кормандони соҳаи геологияи тоҷикро ба рӯзи касбиашон табрик намуда, ба ҳамаи геологҳо ва дар симои онҳо тамоми алоқамандони соҳаи геологияро шодбош гуфта, дар корҳои илмию истеҳсолӣ ва кашфи конҳои нав муваффақиятҳои нав ба навро хоҳонем.
Ғайратов М.Т.,Давлатов Ф.С.,устодони ДМТ







