Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми солонаи хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Дар Паёми имсола соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳим ва калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Дар Паёми имсола таъкид гардид, ки: «…..Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд».
Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳист ва сар задани офатҳои табиӣ ба монандӣ, селҳо, ярч, тармафароӣ ва ғ. хеле зиёд ба чашм мерасад. Ҳамаи ин офатҳои табиӣ ба тағйирёбии иқлим вобастагии калон дорад. Мавриди зикр аст, ки раванди тағйирёбии иқлим на танҳо ба ҷузъиётҳои асосии иқлим, инчунин ба шиддати зуҳури ҳодисаҳои хатарноки геологӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад. Коршиносони соҳа бар он ақиданд, ки гармшавии глобалӣ боиси шиддат гирифтани офатҳои ногаҳонии табиӣ хоҳад шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чандин сол аст, ки аз таъсири оқибатҳои ҷиддии тағйирёбии глобалии иқлим рӯбарӯ гардида зарар дида истодааст. Мисоли равшан ин обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии ҳарорати миёнаи солона, тағйирёбии миқдори боришот, бештар шудани давраҳои ғайриодии обу ҳаво (бориши жола, барф, хушксолӣ), инчунин афзоиши офатҳои ногаҳонии табиӣ бар асари шароити обуҳаво ва иқлим ба мушоҳида мерасад.
Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «……..Натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, инчунин фаъолиятро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок вусъат бахшанд».
Дар ин замина “Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисиву геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Атласи равандҳои экзогениву геологии кишварро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”. Аз таъкидҳои Пешвои миллат бармеояд, ки дар шароити имрӯза коркарди конҳо ва ашёҳои хоми ватани имкон медиҳад, ки дар кишвар шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин таъмин карда аз ин ҳисоб сатҳи бекорӣ коҳиш дода шавад.
Мо кормандони соҳаи геологияро зарур аст, ки корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин назорати равандҳои хатарнокигеологӣ, мониторинги обҳои зеризаминӣ, мониторинги доимии пиряхҳо, пешгирии равандҳои сел, ярч, тармафароӣ, эрозия, кандашавии кӯҳпораҳо, вайрон гардидани маҷроҳои дарёҳо, паҳншавии ноустувори нишебиҳо, омӯзиши шароитҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологӣ, обхезӣ, баҳодиҳии шароитҳои табиии муҳандисӣ-геологӣ, пешгӯии комплексии минтақавии муҳандисӣ-геологии устувории нишебиҳо, ҳифзи аҳоли аз ярч ва тадбирҳои муҳофизат аз ярч ва дигарҳоро бештар тақвият бахшему коркарди онҳоро дар дохили кишвар ба роҳ монем.
Коркарди конҳои нав дар кишвар имкон медиҳад, ки ҳадафи чоруми мамлакат «Саноатикунонии босуръати кишвар» амалӣ шаваду ҷойҳои кории холӣ пайдо карда шавад, ҳамчунин ашёи хоми ҷойдошта дар дохилӣ мамлакат ба роҳ монда шавад.
Дар Паёми имсола Пешвои миллат бо эҳсоси баланд ва махсус ба корҳои ҷустуҷӯи геологӣ, сарватҳои табиию зеризаминиӣ, ҳифзи муҳити атроф ва тозаю озода нигоҳ доштани табиат ба ҳисоб меравад.
Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои бойи зеризаминӣ дорад. Аз ин таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат аён аст, ки дар ҳақиқат кишвари мо биҳишти воқеии рӯи замин ва табиати худододу нотакрор дорад ва тамоми ганҷҳои нокушодаю конҳои омӯхтанашуда дар кишвар хеле зиёданд. Дар шароити ҷаҳони имрӯза дар назди мутахассисони соҳаи геология вазифаҳои басо мушкил ва ҳалталаб истодааст. Дар ин замина мутахассисони соҳаро зарур аст, ки боз ҷустуҷӯю омӯзиши ашёи хоми минералии фоидаовар ва таъмини иқтисодиёти кишварро бо маводҳои ашёи минералӣ ба инобат гирифта корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Иқтисодиёти кишвар ба кадом намудҳои ашёи хоми минералӣ бештар ниёз дорад, коркард ва истихроҷи онҳоро ба роҳ монанд.
Барои ин бояд аз пешрафти иқтисодӣ, фанноварӣ (технологӣ) ва техникии соҳа васеъ истифода карда шавад. Дар ин замина таъкидҳои пайвастаиПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конҳо ва захираҳои кашфношудаи зеризаминии кишвари азизамонро тибқи талаботҳою меъёрҳои ҷойдоштаи замони имрӯза мавриди истифода ва истихроҷ қарор диҳем.
Пайваста дар баромадҳо ва Паёмҳои солонаашон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷалби сайёҳон ва беҳтар гардонидани инфрасохтори соҳа саривақтӣ мебошад ва барои пешравии соҳа тамоми имкониятҳоро истифода бурда коркарди конҳои зеризаминӣ, сангҳои киматбаҳо, кашфи металҳои нодир ва дигар сарватҳои зеризаминии ҷумҳуриро мавриди амал қарор доданамон зарур аст. Ҳамаи минералҳои нодире, ки кашф карда мешаванд намунаҳои онҳоро ба осорхонаҳои геологӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиши меҳмонони дохиливу хориҷӣ гузоштанамон аз аҳаммият холӣ нест. Ҳамчунин дар ин замина пешниҳод намуданд, ки дартамоми мағозаҳо ва ҷойҳои таърихӣ гӯшаи намунаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шавад.
Воқеан ҳам пешниҳоди мазкурхеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Он маҳсулотҳое, ки аз намудҳои гуногуни ҷинсҳои кӯҳӣва минералҳо ашёҳои гуногун сохта шудаанд, ба марази тамоша гузошта шаванд ва ҳангоме ки сайёҳон аз ин мағозаҳо ва ҷойҳои таърихӣдидан менамояд аз ин гуна маҳсулот харидорӣ намуда чун армуғон ва хотираи нек бо худ мебаранд.
Ин иқдом метавонад, боз ҳам ҷалби сайёҳонро ба кишвари офтобию дорои захираҳои калони конҳои кандании фоиданок ва минералҳои асилу нодир зиёдтар намояд.
Тамоми кӯҳҳои ҳудуди кишвари азизамон ҳамчун ҳудуди сангин камфоида нестанд, дар онҳо конҳои кашфношуда захираҳои минералҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо, конҳои маъданҳои гуногунтаркиб, чоҳҳои обҳои зеризаминии ширини дорои сифати нӯшокӣ, обҳои равону шифобахш, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ҳамеша барфпӯш, пиряхҳои бузург, дарёҳои софу пуртуғён, кӯлҳои софу сарбаста, чашмаҳои оби зулолу мусаффодошта, металҳои нодир ва камёфт, тиллову нуқра, қитъаҳои дорои нафту газ буда, ангишту дигар сӯзишвориҳо хеле зиёд аст.
Самти дигари Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ин роҳсозӣ буда таъмиру барқарорсозии роҳҳои фарсудашуда ва аз нав барқарор намудани онҳоро дар бар мегирад. Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ мебошад. Албатта, бо тараққӣ ёфтани соҳаи роҳсозӣ ва баровардани маҳсулоти дохилӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ Ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як кишвари транзитӣ дар минтақа табдил диҳад. Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдид ва барқарорсозии роҳи автомобилгард мебошад, ки айни замон амалӣ шуда истодааст.
Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон таъкид доштанд, ки «…..дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин–Тоҷикистон–Афғонистон ва Чин–Тоҷикистон–Ӯзбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо, инчунин, Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд. Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд. Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма–Қарасу (300 километр), Бохтар–Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус–Айвоҷ–сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд–Конибодом (57 километр), Хуҷанд–Ашт (122 километр) ва Балҷувон–Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд».
Ҳамаи ин таъкидҳо шаҳодати он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳсозӣ ва амалишавии мақсадҳои стратегии кишвар вобаста ба самти роҳсозӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон қарор дорад.
Дар давоми таъкидҳояшон Пешвои Миллат иброз доштанд, ки «……….Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ ва бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр ба маблағи 625 миллион сомонӣ дар водии Рашт амалӣ шуда истодаанд. Инчунин, татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр) 635 миллион сомонӣ дар вилояти Суғд, Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 километр) 672 миллион сомонӣ, Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 километр) 740 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад. Ҳамзамон бо ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад. Бунёди роҳҳои Гулистон – Кӯлоб (35 километр) 745 миллион сомонӣ, Данғара – Гулистон (49 километр) 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ, Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (137 километр – марҳалаи якум) 449 миллион сомонӣ ва марҳалаҳои боқимонда ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ дар давраи оғозшавӣ қарор дорад. Дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуданд».
Аз ин рӯ, роҳҳои сохташударо ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудан лозим аст. Бо талошу меҳнатҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон тули 32-соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва давлату давлатдорӣ расидаем. Имсол ҳам дар Паёмашон таъкид карданд, ки вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои ҳукумат, роҳбарони тамоми идораю муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар намоем.
Умед дорем, ки тамоми кормандони соҳаҳои гуногун ин нуқтаҳои таъкидгардидаи Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда ба халқу ватан содиқона ва софдилона хизмат менамоянд.
Андамов Р.Ш.,декани факултети геология, дотсент
Давлатов Ф.С.,и.в. мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ,дотсент,
ҒайратовМ.Т.,дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ