Дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки “таъмини Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа масъулияти бузургро аз ҳар яки мо талаб дорад”.Ҳаёт нишон дод, ки истикрори сулху субот ва Ваҳдати милли дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ душманӣ, бадхоҳӣ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад. Инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд. Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти мо ҷавонон аст инро мо бояд хуб дарк кунем.Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз тарақи ёфта гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фархангӣ пеш меравад.Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас– Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди миллати тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст.Ваҳдати миллӣ ҳаст, ки роҳ ба сӯи музаффарият мебарад ва ҳама сола кишвари мо аз файзу баракати ин рӯзи нусратофарин бо баҳрамандӣ осудаву ободтар мегардад, ки қисмати неку хуҷастаи миллату халқи мост. Вақте мо суханро дар бораи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ оѓоз мекунем, мо беихтиёр симои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меоварем, зеро маҳз ба туфайли кӯшишу талошҳои шабонарӯзии эшон 27-уми июни соли 1997 созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба қавли устод Лоиқ Шералӣ «ҷанги девонавори мо гузаштаву Сулҳи деринтизори мо омад».Шукр аз Ваҳдати миллӣ менамоянд, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрӯз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст. Ҳаёт бо маром пеш меравад ва бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сӯи умеду орзуҳо, ба сӯи фатҳи қуллаҳои нав ва зиндагии нав. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост. Аз Ватани худ ифтихор менамоем.
Домой Ахбор