Давлатҳои иштирокунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти ташаккул ва рушди корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ дорои таҷрибаи бой мебошад ва барои таъмини иқтисодии кишварашон аҳаммияти хосса медиҳанд. Махсусан, дар даҳсолаи охир тағйироти куллии технологӣ ба вуҷуд омад, ки ба шарофати онҳо ҷараёни рушди соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вусъат пайдо кард. Ин тағйироти технологӣ истифодаи шаклҳои нави ташкили истеҳсолотро бо истифодаи равандҳои инноватсионӣ дар бар мегирад.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои дурударози байни намояндагони бахши соҳибкорӣ ва давлат бо мақсади дарёфти роҳҳои босамари татбиқи имконоти сармоягузорӣ мавҷуда ва чораҳои зарурии сиёсати давлатӣ гардидааст, ки ба рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ нигаронида шудааст.Давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рушди соҳа далелҳое вуҷуд доранд, ки масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии саноати масолеҳи сохтмониро нишон медиҳад. Дар ин давлатҳо рушди соҳа ба дастгирии давлатӣ махсус нигаронида шудаанд. Барои рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ дар сатҳи давлатӣ қонунҳои махсуси соҳавӣ қабул карда шудаанд, ки асосҳои ҳуқуқию иқтисодии истифодаи оқилона ва ҳифзи канданиҳои фоиданокро муқаррар намуда, ҳимояи манфиатҳои давлат, шаҳрвандон ва истифодабарандагони онро таъмин менамоянд.Барои рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ омӯзиши таҷрибаи баъзе давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз нигоҳи ҳаҷм ва динамикаи сохтмон, аз қабили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аҳаммияти муҳим доранд.
Таҷрибаи ин кишварҳо, аслан аз рӯйи як қатор тамоюлҳо ба монанди диверсификатсия, риояи талаботи муҳити зист, стандартҳои нави сифат ва технологияи муосир ҷолибияти омӯзиш ва тадбиқи онҳо дар истеҳсолот барои корхонаҳои масолеҳи сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.Яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисодиёти Федератсияи Русия ин саноати масолеҳи сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Муҳим будани ин соҳа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки талабот ба маҷмуи сохтмонӣ зиёд гашта истодаастТаҷрибаи Федератсияи Россияро дар рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ омӯхта, қайд кардан зарур аст, ки бозори масолеҳи сохтмонии ин кишвар кушода ва ғайриинҳисорӣ мебошад. Дар ҷараёни татбиқи барномаҳои федералӣ ва минтақавии бозсозии сохторӣ дар саноати масолеҳи сохтмонӣ як қатор корҳое амалӣ гардидаанд, ки дар бозори масолеҳи сохтмонии ин кишвар талаботи зиёд дорад. Дар истеҳсоли сементи ин кишвар диққати асосӣ ба азнавсозии технологияи истеҳсол ва рушди корҳои бастубанд равона гардидааст, ки иқтидори истеҳсоли семент зиёд шуда истодааст.
Дар саноати истеҳсоли кошин (кафел) ва саноати маводҳои деворӣ, хишти ороишӣ, блокҳои пурқувват аз бетони пурмасома рехташуда, сафоли бомпӯшӣ ва тахтасангҳои ҳаҷман калони сафолӣ ба роҳ монда шудаанд.Таҳлилҳои гузаронидаи солҳои охир нишон дод, ки саноати масолеҳи сохтмонии Ҷумҳурии Узбекистон талабот нисбат ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар ин маврид барои таъмини хоҷагии халқ ба масолеҳи сохтмонӣ таъсири назаррас мерасонад. Яке аз сабабҳои асосии рушди саноати масолеҳи сохтмониро дар Ҷумҳурии Узбекистонро мо, пеш аз ҳама, дар сатҳи зарурӣ рушду инкишоф ёфтани инфрасохтори хусусию давлатӣ мебинем.Сохтмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.
Ҳукумати кишвар ба инкишофи дигаргуниҳои сохторӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот дар саноати масолеҳи сохтмонӣ диққати махсус медиҳад.Ҷумҳурии Қазоқистон дорои ашёи хоми фаровон буда, иқтидорҳои зиёди истеҳсолӣ, кадрҳои муҳандисию техникӣ барои рушду инкишофи корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ дорад. Фаровонии ашёи хом имкон медиҳад, ки талаботи хоҷагии халқ ба масолеҳи наву замонавӣ соҳаи талаботдоштаи сохтмонро таъмин намояд.Афзоиши ҳаҷми сохтмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои зиёд шудани талабот ба сохтани хонаҳо, иншоотҳои гуногуни стратегӣ, талаботҳои экологӣ инчунин, вусъат ёфтани сохтмон ва рақобати сохтмон бо мақсади истифода бурдани технологияи навтарин ба ҳисоб меравад.
Хулоса, ҳамкориҳои минбаъдаи давлатҳои иштироккунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омӯзиши идоракунии таҷрибаҳои хориҷии корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ таъсири муайян барои самаранокии истифода гардидани масъалаҳои молиявӣ метавонад он монеаҳое, ки дар назди корхонаҳо мавҷуданд аз байн баранд.Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои инкишоф додани корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, вобаста ба шароитҳои географию табиӣ ҷойгиршавии онҳо ва дигар имкониятҳо аз таҷрибаи ин давлатҳои барои дар оянда рушд додани истеҳсоли масолеҳи сохтмонии инноватсионӣ истифода барад.
Холзода Б.К. – н.и.и., дотсент декани факултети геологияи ДМТ
