НЕРУГОҲИ РОҒУН – МАРВОРИДИ БЕҲАМТОИ ШАДДАИ ДУРАХШОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ!

174

Неругоҳҳои барқии Норак ва Роғун, қабл аз ҳама, ёдгории азими меҳнати шуҷоатманд буда, шоҳиди зиндаи он аст, ки шуури инсон ба иҷрои вазифаю ҳадафҳои ғайриимкон қодир аст.Барои кулли сайёҳон одатан мақбараҳо, қалъаҳо ва харобаҳои мамнӯъгоҳҳои бостонӣ ё ҷойҳои таърихӣ бештар ҷолибанд. Аммо чунин иттифоқ афтода, ки чизи аз ҳама ҷолиби диққат ва воқеан шоёни тааҷҷубу дидан дар мамлакат, ки онро дар ягон минтақаи ҷаҳон дарёфт кардан ғайриимкон аст – ин истгоҳи азими оби барқии Роғун – муҷассамаи ҳақиқии руҳи баҳодурони афсонавии инсоният мебошанд.Сохтмони истгоҳҳои барқии обӣ дар Тоҷикистон дар замони шуравӣ – солҳои 20-ум, дар марҳилае, ки мамлакат роҳи саноатикунониро касб карда буд, оғоз ёфта буд. Корхонаҳои нав беист афзудани хароҷоти барқро талаб мекарданд, муассисаҳою беморхонаҳо ва мактабҳое, ки дар саросари ҷумҳурӣ сохта мешуданд, беист барқро металабиданд. Дар баробари ин, нақшаи электрикикунонии шуравӣ дар Осиёи Миёна бо сукути он пурра иҷро нашуда монд.Дар ҷумҳурӣ нахуст силсилаи НБО-ҳои Варзоб — маҷмааи се истгоҳи обии хурд сохта шуд. Онҳо дар охири солҳои 30-ум бунёд шуданд, ки то ҳол ноҳияи Варзоб ва қисман шаҳри Душанберо бо барқ таъмин мекунанд.Аммо дар солҳои баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бинобар барқарор гардидани хоҷагии халқ маълум гардид, ки корхонаҳо бо сабаби норасоии неруи барқ иқтидори кифоя надоранд. Аз ин хотир нақшаи истгоҳи барқии Норак — лоиҳаи азими замон пайдо шуд, ки вай ҷидду ҷаҳди муштараки муҳандисон ва бинокорони ҷумҳуриҳои шуравиро ифода мекард. Сохтмони ин иншооти азим соли 1961 оғоз шуда, истгоҳи Норак соли 1972 ба тавлиди барқ шурӯъ кард. Иқтидори ин неругоҳ зиёда аз се гигаватт буда, баландии сарбанди он 300 метрро ташкил дод, ки ин рекорди ҷаҳонӣ маҳсуб меёфт. Ҳамзамон, истгоҳ имкон дод, ки дар Осиёи Марказӣ бори нахуст дар сарзамини мо саноати алюминий ташкил ва бо неруи барқ пурра таъмин шавад.Албатта, як истгоҳи азими барқии обӣ барои эхтиёҷоти Тоҷикистон, махсусан, дар ҳолати рушди бемайлони бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ва таъмини мамлакатҳои ҳамсоя бо кувваи барқ кифоя набуд. Ва аз ин хотир, сохтмони НБО-и Роғун оғоз шуд. Роғун – воқеан чун сохтмони азими қарни 21 дар Осиёи Марказӣ арзи ҳастӣ кард.Лоиҳа зоҳиран ба назар ғайриимкон ба назар мерасид, зеро мавзеи сарбанд дар минтақаи хатарафзои сейсмикӣ ҷойгир буда, ҷинсҳои кӯҳии нисбатан ҷавони давраи мезозой хосиятҳои барои сохтмони чунин иншоот начандон мутобиқ дошта, шикастаҳои тектонии мавзеъ мушкилоти дигареро эҷод мекарданд, ки ин ҳама дар маҷмуъ қазияҳои зиёди муҳандисию сохтмониро ба миён овард. Аммо муҳандисон роҳи ҳалли мушкилотро дар сохтани сарбанди боэътимоде ёфтанд, ки ба зилзилаҳои пуриқтидор тоқатовар буда, танаи он аз ҷинсҳои рехтаву порасангдори ҷавон таркиб меёфт. Қарор шуд, ки маҳаки садд (сарбанд)-ро пайиҳам ҷинсҳои маҳини зарравӣ, баъд бузургандоза ташкил дода, канораҳои он аз пораҳои калонҷуссаи сахт мураттаб шавад. Маҳз чунин низоми сохтмони садд беҳамтоӣ ва устувории онро таъмин менамояд.Дар ибтидои солҳои 90-ум маҷрои дарёи Вахш баста шуда, ба масофаи чанд километр нақбҳо гузашта шуданд ва корҳои асосии сохтмони толори турбинаҳо наздики анҷом буд. Аммо пошхӯрии давлати шуравӣ ва оғози ҷанги хунини шаҳрвандӣ лоиҳаи азимро, ки ҳаҷми бузурги қувваи корӣ ва захираҳоро талаб мекард, қариб ба нестӣ андохт. Сохтмони истгоҳ ба муддати номуайян қатъ шуд.Танҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол, қабл аз ҳама ба шарофати ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидор ва захираҳоро пайдо намуд то сохтмони ин иншооти азимеро, ки давлати шуравӣ дар анҷоми он оҷиз монд, барқарор ва идома диҳад. Дар миёнаҳои солҳои 2000-ум сохтмони неругоҳи Роғун тадриҷан оғоз шуд. Лоиҳа қабл аз ҳама маблағгузории беандоза бузургро металабид. Тоҷикистон тавонист маблағро пайдо ва сохтмони комили неругоҳҳро таъмин намояд. Соли 2018 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати нахустини онро дар маросими пуршукӯҳу тантанавӣ ба кор андохтанд.Имрӯз неругоҳи Роғун бо миқёс ва салобати худ ҳамагонро мафтуну тасхир мекунад. Нишебиҳои сахти кӯҳҳои қаторкӯҳи Вахш ба шарофати ақлу идроки муҳандисии инсон чун такягоҳи табиии сарбанд, ки баландиаш 335 метр аст, хизмат менамоянд. Нақбҳои тулонии азим дар оғуши харсангҳо таҷассумгари мехнати шоёни халқи шарифи кишвар беихтиёр афсонаҳои қадимро ба хотир меоваранд, ки дар он кахрамонони афсонавӣ – фарҳодсуратҳо кӯҳу қитъаҳоро ба ҳаракат медароварданд ва маҷрои руду дарёҳо ва баҳрҳоро тағйир медоданд. Неругоҳи Роғун — собитгари зафари илм, истеҳсолот, санъат ва меҳнати қаҳрамононаи халқи мост!Роғун – мӯъҷизаи дастофаридаи инсон ба шарофати ақлу идрок ва санъати муҳандисии олимону мутахассисон аст!Роғун – марвориди беҳамтои шаддаи дурахшони иншоотҳои азими дарёҳои Осиёи Марказӣ!

Ниёзов А.С., Андамов Р.Ш., Ниёзов О.Ҳ. дотсентони факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Возможно, это изображение 7 человек и дорога