Рӯзи (31.10.23) дар факултет бо иштироки декан, дотсент Андамов Р.Ш. ва муовини деканд оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. ҷаласаи навбатии кафедраи минералогия ва петрография доир ба натиҷагирӣ ва муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмии таҳкикотии устодони кафедраи минералогия ва петрография баргузор гардид. Аз ҷониби мудири кафедра, дотсент Фозилов Ҷ.Н. қайд карда шуд, ки дар кафедраи минералогия ва петрогафия 5 нафар устодон дар КИТ иштирок мекунанд, аз ҷумла: доктор -1 нафар, номзадони илм -3 нафар (миқдори унвондорон 80%). Кафедраи минералогия ва петрорафия дар соли ҳисоботи 20 корҳои илмию методӣ, аз ҷумла: 12 мақолаи илмии тақризшаванда, 6 фишурда, 1 мақолаи хориҷӣ, 1 китоби дарсӣ омодаи чоп ва маърузаҳою мақолаҳои устодон дар конференсияҳо, баромадҳо дар шабакаҳои телевезионии кишвар, маҷала ва рӯзномаҳои касбию даврӣ, саҳифаи расмии ФЕЙСБУКИ донишгоҳ ва факултет гузошта шуда аз чоп баромаданд.Дар ҷаласа унвонҷӯёни кафедра ҳисоботи солонаи корҳои анҷомдодашудаашонро муфассал пешниҳод намуданд.Дар анҷом декани факултет дотсент, Андамов Р.Ш. фаъолияти солонаи КИТ кафедраро қаноатманд шуморида баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият дастурҳои мушаххас доданд.