Рӯзи (01.11.23) дар факултет бо иштироки муовини деканд оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. ҷаласаи навбатии кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника доир ба натиҷагирӣ ва муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмии таҳкикотии устодони кафедраи болозикр баргузор гардид. Сипас аз ҷониби иҷрокунандаи мудири кафедра, дотсент Сафаралиев Н.С. қайд карда шуд, ки дар кафедра 14 нафар устодон дар КИТ иштирок мекунанд, аз ҷумла: номзадони илм -6 нафар, муаллимони калон 6 нафар ва ассистентон бошанд 2 нафар (миқдори унвондорон 42,5%). Дар соли ҳисоботи аз ҷониби устодони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника 30- корҳои илмию методӣ, аз ҷумла: 18 мақолаи илмии тақризшаванда, 8 фишурда, 2 китоби дарсӣ 2 монография ва маърузаҳою мақолаҳо дар конференсияҳо, баромадҳо дар шабакаҳои телевезионии кишвар, маҷала ва рӯзномаҳои касбию даврӣ, саҳифаи расмии ФЕЙСБУКИ донишгоҳ ва факултет гузошта шуда аз чоп баромаданд.Дар ҷаласа унвонҷӯёни кафедра ҳисоботи солонаи корҳои анҷомдодашудаашонро муфассал пешниҳод намуданд ва қайд карда шуд, ки унвонҷӯи соли чорум Асламов Б.С. ҳимояи пешакии рисолаи намзадиашро соли ҷори гузаронида онро ба Шурои муштараки диссертатсионӣ 6D.KOA-57-и дар назди ДМТ ва Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунби тобовар ва сейсмологияи АМИТ фаъолият мекунад, пешниҳод намудааст. Дар анҷом муовини деканд оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ. фаъолияти солонаи КИТ кафедраро қаноатманд шуморида баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият тавсияҳои мушаххас дода шуд.