НАТИҶАГИРИ АЗ КОРҲОИ ИЛМИИ ТАҲҚИҚОТИИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТ ДАР СОЛИ 2023

200

Рӯзи (08.11.2023) дар ҷаласаи Шурои олимони факултети геология бо иштироки кормандони Раёсати илми ДМТ Ғозиев Эраҷ ва Манонов Камолиддин натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии устодони факултет аз ҷониби муовини декан оид ба илм ва инноватсияи Ниёзов О.Ҳ. ҳисобот дода шуд.Ҳамчунин аттестатсияи унвонҷӯёни факултет мавриди муҳокима қарор дода шуда хулосаҳои зарури бароварда шуд. Қайд карда шуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар факултети геология доир ба як самт, чор масоил ва чор мавзӯъ ба иҷро расонида шуд. Дар факултет ҳамагӣ 40 корманди омӯзгории штатӣ фаъолият доранд, дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 38 нафар ширкат меварзанд, аз он ҷумла докторони илм, профессорон 5 нафар ва номзадони илм 21 нафарро ташкил менамоянд, микдори унвондорон 66.6%.Аз ҷониби устодони факултет, дар соли ҳисоботи, дар маҷмуъ 137 корҳои илмию методӣ аз он ҷумла 5 монография, 6 китоби дарсӣ, 2 воситаи таълимӣ, 1 маколаи SCOPUS, 5 мақолаи хориҷа 105 мақолаи илмӣ ва 15 фишурда инчунин баромадҳо дар конфронсҳои дараҷаҳои гуногун чоп карда шуда, ба табъ расонида шудааст.Дар муҳокима корманди Раёсати илми донишгоҳ Ғозиев Эраҷ, декани факултет дотсент, Андамов Р.Ш., Раиси Шурои методии факултет дотсент, Сафаралиев Н.С. профессори кафедраи геология ва иктишофи ККФ Каримов Ф.Ҳ. баромад намуда ҳисоботи КИТ устодони факултет дар соли 2023 ки аз ҷониби муовини декани факултет геология оид ба илм ва инноватсияи Ниёзов О.Ҳ. маълумоти муфассал пешниҳод шуд қаноатманд ҳисобиданд.

Возможно, это изображение 6 человек и текст

Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 6 человек
Возможно, это изображение учеба, кларнет, гобой и текст
Возможно, это изображение 10 человек и текст
Возможно, это изображение 9 человек, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 3 человека и текст
Возможно, это изображение 5 человек и текст
Возможно, это изображение 14 человек, люди учатся и текст