Рӯзи (26.06.2024) дар ҷаласаи Шурои олимони факултет бо иштироки сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти ДМТ, дотсент Файзуллоев Толибҷон Тоҳирович доир ба натиҷаи фаъолияти комиссияи таҳлили дарси омӯзгорон дар семестри 2-юми соли таҳсили 2023-2024 маълумот дода шуд. Сараввал декани факултет дотсент, Андамов Р.Ш. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба меҳмон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуданд. Пас аз он суханро ба сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилот дотсент, Файзуллоев Т.Т. доданд. Дар баромади худ Файзуллоев Т.Т. ҳозиринро бо хулосаи корӣ комиссия ошно намуда қайд кард, ки ҳангоми таҳлили дарси омӯзгорон баъзе камбудиҳо ошкор карда шуд ва ислоҳи онҳо вазифаи ҳар як масъулин мебошад. Дар охир он камбудиҳо ва эродҳое, ки аз тарафи комиссияи ошкоршуда ироа гардиданд, декани факултет аз масъулин барои ҳарчи зудтар бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Дар ҷамъбаст аз меҳмон барои натиҷагирӣ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот ва пешрафти фаъолияти факултет изҳори ташаккур намуданд.