НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР УСТОВОРИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

16

Санаи 15.10.2025 дар факултет бо иштироки декани факултет дотсент Холзода Б.К. ва мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафи ДМТ, н.и.с., дотсент Қаландарзода Кароматулло Қаландар чарабини доир гардид.Дар чорабини устодони факултет ва донишҷӯёни иштирок намуданд.

Сараввал декани факултет Холзода Б.К. меҳмонро ба факултет хайрамақдам гуфта, барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.

Дар баромади худ н.и.с., дотсент Қаландарзода К. Қ. қайд намуд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991, зарурати ташкили як иттиҳоде, ки ҳамоҳангии давлатҳои собиқи шӯравиро таъмин кунад, ба миён омад. Дар ҳамин замина, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ташкил ёфт, ки ҳадафи он таъмини сулҳу субот, ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ байни давлатҳои аъзо буд. Яке аз чеҳраҳои намоён ва фаъоли ин иттиҳод, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар тӯли солҳои фаъолияти худ нақши бузурге дар таҳкими ИДМ иҷро намудаанд.Дар идомаи баромад гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ИДМ таъмини амният ва мубориза бо хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ин хатарҳоро аз аввал ба таври ҷиддӣ арзёбӣ намуда, борҳо пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкории зичтар байни кишварҳои аъзо дар ин самт ироа намудааст. Тоҷикистон бо ташаббуси ӯ ба як кишвари калидӣ дар мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ табдил ёфт.

Дар охири баромад устод Қаландарзода К. Қ. қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти сиёсӣ ва давлатии худ ҳамчун як шахсияти созандаву ташаббускор дар сатҳи ИДМ шинохта шудааст. Мавқеи фаъол, сиёсати оқилона ва талошҳои пайвастаи ӯ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Тоҷикистонро ба як шарики боэътимод ва устувор табдил додааст. Бинобар ин, саҳми Пешвои миллат дар устувории ИДМ бузург ва шоистаи таҳсин мебошад.