Ҷинояткорӣ — ҳолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқию ҷиноии таърихан тағӣирёбанда дар ҷамъият буда, маҷмӯи ҳамаи ҷиноятҳои дар ҳудуд ва вақти муайян содиршударо ташкил мекунад. Вай ҳамчун ҳолати иҷтимоӣ дорои нишонаҳои сифатӣ ва шуморавӣ, яъне сатҳ (дараҷа), сохт (таркиб) ва ҷараёни инкишоф (динамика) мебошад.Моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст». Вазорати корҳои дохилии ҶТ яке аз сохторҳои пурқудрати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буда, дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳамагуна намудҳои ҷинояткорӣ саҳми таъсирбахш дорад.20-уми январи соли 2020 ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раисии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он ҷо пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангии кишвар ва диққати махсус ба пешгирии ҷинояткорӣ дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд. Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ироа намуданд, дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.Имрӯз, Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд дар меҳвари амали мафкураи миллии ҷавонони мо карор дошта бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фардӣ боло мегузорад, хеле муҳим аст.
Вазифаи асосии мо шаҳрвандон бояд дар қалби ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул ва тарбия намоем.Бояд ҷавонон дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоӣ, иқтисоди ва фарҳангии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд якдил, муттаҳид ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем.
Дар қалби насли наврас ва ҷавон ҳифзу химояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкориро ҷой намоем.Мо аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон, насли наврас, ҷавонон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа бо ахбороти нолозим пур карда шавад, балки падару модарон, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва дигар сохторҳои мавҷуда пайваста дар якҷоягӣ тадбирҳои судманд андешида ба ин восита дар таъмини устувории сулҳу Ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ амнияти миллӣ саҳмгузор бошем.
Ҳамин тавр, мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Мудири кафедраигеология ва менеҷменти маъдану техникаи
факултети геологияи ДМТ дотсент, ҚОДИРОВ А.А.








