Бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсентони факултети геологияи ДМТ Ниёзов Ансор Соҳибович ва Шарифов Гул Ваҳҳобович бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ -медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.
Аз ин рӯ, кулли устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултет, устодони азизу гиромиро ба муносибати сарфароз гардониданашон бо Медали “Хизмати шоиста” табрику таҳният намуда, барояшон дар корҳои минбаъда бурдбориҳои аз ин ҳам зиёд ва беназирро хоҳонанд.
Мукофоти давлатӣ муборак бод, устодони гиромӣ!