Ҷомеаи имрӯзаи муосир бо як суръати баланд рӯ ба пешравӣ дорад. Дар баробари таррақиёт ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи муосир амалҳое ҳастанд, ки ба сатҳу сифати таррақиёти ҳама соҳаҳои ҷомеаи муосир барои аҳолии Сайёра халал ворид мекунад.Ин амалӣ зишт ва нангин коррупсия мебошад. Коррупсия воқеан ҳам дар замони ҷаҳонишавӣ дар баробари ба вуҷуд омадани дигар зуҳуроти номатлуб амалӣ зишт маҳсуб мешавад.Тавре ки дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: “Коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатӣ), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ” фаҳмида мешавад.Агар ба тамоми кишварҳои мутамаддин ва пешрафта аҳаммият диҳем дар онҳо ҳам ин амалҳои номатлуб ҷой дорад.
Дар замони имрӯза давлат ё кишваре нест, ки дар он коррупсия ҷой надошта бошад ва ё ба пуррагӣ коррупсияро решакан карда бошанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои рӯ ба таррақӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин кишвар низ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои бартараф кардани хавфу хатарҳои коррупсионӣ як қатор ҷораҳои таъхирнопазир андешида шуда аст. Ин иқдом пайваста зери назорати қатъии Ҳукумат ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлол таҳти роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди коррупсия муборизаи ош тинопазирро пеш гирифта, таъкид намуданд, ки “…….Бо дар назардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатиро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо ба масъалаи мубориза барзидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он диққати ҷиддӣ медиҳем ва гузашта аз ин, мубориза бо кирдорҳои коррупсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем”.Дар замони истиқлоли давлатӣ вобаста ба амалӣ гардидани ҳадафҳо як қатор санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба омилу хусусиятҳои коррупсионӣ дошта ба тавсиб расидааст.
Аз ҷумла, ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза барзидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” (1999) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10 декабри соли 1999 яке аз чораҳои андешидашудаи хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар дар солҳои нахусти расидан ба сулҳу субот дар мамлакат буд, ки ба муқобили фасод талошу мубориза ва муқовиматро ҷоннок намуд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб медонист ва дарк мекард, ки бидуни пешгирии фасод бунёд ва рушду пешрафти ҷомеаи мутамаддинро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз ин лиҳоз дар ин замина таъкид намуданд, ки “…..Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.
Дар воқеъ, садди роҳ шудани фасод дар кишвар кори дастаҷамъӣ буда, бидуни иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ пеши роҳи онро гирифтан ғайри имкон аст.Бо ташаббусу иқдоми хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгири намудани коррупсия соли 2007 ниҳоди махсуси назоратӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин албатта барои пешгирии омилҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, ташаббуси бузурге ба шумор меравад.Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013 “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва аз 3-юми августи соли 2021 “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул шуданд, ки дар амал татбиқ ва иҷро шудани он аз ҷониби ҳар як ниҳоди давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии фасод дар кишвар роҳи муносиберо ба вуҷуд меорад.
Мавриди зикр аст, ки бояд аз ҷониби аҳолии кишвар фаъолият, характер, кирдор ва рафторҳои коррупсионӣ дар байни аҳолӣ зиёд ба роҳ монда шавад. Вохӯриҳои судманд аз тарафи намояндагонӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқшиносони варзида аз мақомотҳою донишгоҳҳои олии кишвар бештар карда шуда, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боло бурда шавад.Коррупсия амали зишт ва нангин буда ҳамчун зуҳуроте маҳсуб мешавад, ки ба ишкишофу фаъолияти оромона, пешрафти босамари иқтисодӣ ва ҷомеаи демократӣ халал ворид намуда, пеш аз ҳама боварии мардумро нисбат ба ҳокимият, давлат ва мақомотҳо коста мегардонад.
Аз ин рӯ, ҳамаи ҷомеа новобаста аз касбу кор мебояд, фаъолиятро дар ин самт пурзур намуда, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор диҳанд эътибор ва нуфузи миллату давлати хешро дар сатҳи байналмилалӣ бало бардоранд.
Масъулони “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар факултети геологияи ДМТ.
ХОЛЗОДА Б.К., ДАВЛАТЗОДА Ф.С. устодони факултети геологияи ДМТ







