Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллати куҳанбунёду тамадунофари тоҷик марҳилаи нав фаро расида, имкони бо дасти хеш навиштани сарнавишту тақдири худ ба вуҷуд омод. Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад.Инак санаи 6 ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 29 солагии онро ҷашн мегирем. Ин сана барои мардуми Мо, як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу суббот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба Конуститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф якумин тағйиру илова ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйиру иловаҳо дар бобати ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касби – Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъсиси мақоми нави дастаҷамъӣ – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».Қобили қайд аст, ки дар мудати 29–сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки самараи ҳамкориҳо хеле назаррас ва густурда мебошанд.Инак ба қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ гардид. Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6- ноябр ҳамасола сартосари ҷумҳурии азизамон ид дорад ва ин санаи бузургро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд.