Ҳамасола дар ДМТ ва инчунин дар факултети геология “Ҳафтаи илм” аз 22-юм то 27-уми апрели соли 2024 конференсияи умумидонишгоҳии илмию назарявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет бахишида ба “30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму мориф (солҳои 2020-2040)” гузаронида шуд.
Дар кори конференсия зиёда аз 37 нафар устодон, кормандон ва зиёда аз 36 нафар донишҷӯёну магистрон иштирок намуданд. Кори конференсия аз чор бахш иборат буда, дар бахши геология ва иктишофи конҳои кандании фоиданок 9 маърӯза, аз устодон ва 10 маъруза аз донишҷӯён, дарбахши гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ 9 аз устодон ва 8 маъруза аз донишҷӯён, дар бахши геология ва менеҷменти маъдану техника12 маърӯза, аз устодон ва 11 маъруза аз донишҷӯён вадар бахши минералогия ва петрография 6 маърӯза аз устодон ва 7 маъруза аз донишҷӯёнмавриди муҳокимаи илмӣ гардиданд.
Муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Ниёзов О.Ҳ.