КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

220

Рӯзи (27.05.2023) дар Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ давлатҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ вобаста ба таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022-2026, «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) баргузор гардид.Конференсияи байналмилалиро Сардори раёсати илми Донишгоҳ дотсент Рустам Наботӣ оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University табрик намуда, дар сатҳи баланд пешбурд ва баргузор намудани кори конференсия барор таманно намуд.Баъдан декани факултет дотсент Андамов Р.Ш. ба иштирокчиёни конференсия дар доираи ҳадафу ташаббусҳои байналмилалии ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим ба таври васеъ маълумот доданд.Мавриди зикр аст, ки вобаста ба мавзуи конференсия баромадҳо гуногун сурат гирифт ва таъқид гардид, ки дар Осиёи Марказӣ об на танҳо муҳимтарин ҷузъи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки унсури асосии амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, комилан мантиқист, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба масъалаи захираҳои об таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, зеро онҳо бинобар аҳаммияти стратегии худ, барои ҳалли масъалаҳои тамоми соҳаҳое, ки дар заминаи рушди Осиёи Марказӣ қарор доранд, ниҳоят муҳим мебошанд. Бояд гуфт, ки қисми зиёди минтақаи Осиёи Миёна дар минтақаи хушкӣ чойгир аст, ки хусусияти асосии фарқкунандаи он нарасидани оби тоза мебошад. Ин мушкилот бо афзоиши талабот ба об, ки аз афзоиши демографӣ бармеояд, бештар мешавад. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, энергетика ва дигар захираҳои табиӣ метавонад ба рушди устувори Осиёи Марказӣ кӯмак ва дар ҳалли мушкилоти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ки бевосита ба он вобаста аст ба окилона истифода бурдани ин захираҳо мусоидат намояд. Тоҷикистон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бузурги обӣ ва иқтидори гидроэнергетикӣ барои таъмини рушди устувори кишвар, аҳамияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояро барои рушду истифодаи самараноки онҳо ба нафъи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ дарк мекунад. Инчунин дар кори конференсия иштирокчиён аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Руссия ба таври онлайн иштирок ва баромад намуданд. Дар конференсия 40-мақолҳои илмӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Возможно, это изображение 10 человек

Возможно, это изображение 1 человек, отдел новостей и текст
Возможно, это изображение 7 человек

Возможно, это изображение 5 человек

Возможно, это изображение 8 человек и текст
Возможно, это изображение 2 человека и текст
Возможно, это изображение 15 человек