ИСТИҚЛОЛ – РАМЗИ ОЗОДӢ, ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ КИШВАР

13

Истиқлол барои ҳар як миллат муқаддастарин неъмат аст. Ин нишонаи озодии кишвар, соҳибихтиёрӣ ва худшиносии мардум мебошад. Ҳалқи тоҷик пас аз ҳазорсолаҳо таърих ва муборизаҳои зиёд, 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлоли давлатӣ ноил гашт. Ин рӯз барои мардуми мо оғози марҳилаи нави зиндагӣ, эҳёи давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ гардид.

Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва сарнавиштсоз барои ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Давлате, ки истиқлолият дорад, метавонад мустақилона амал кунад, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бидуни дахолати беруна пеш барад, сарнавишти миллати худро худ муайян созад ва арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро ҳифз намояд. Инчунин, истиқлол имконият медиҳад, ки мардум тақдири худро муайян намоянд ва бо интихоботи озоду демократӣ роҳбарони худро интихоб кунанд.

Барои мардуми Тоҷикистон, истиқлол рамзи озодӣ, шараф, сарбаландӣ ва ояндаи дурахшон мебошад. Солҳои аввали истиқлолият кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ҳазорон қурбонӣ ва харобиҳо овард. Бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамбастагии мардуми кишвар сулҳу субот барқарор шуд ва роҳи рушди устувор шуруъ гардид.Истиқлол неъмати бебаҳо ва рамзи озодии ҳар миллат аст. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳамеша шукргузори ин неъмат бошем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадри он бирасем ва барои боз ҳам ободу зебо шудани Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.

Танҳо дар шароити сулҳу оромӣ ва истиқлол метавонем орзуҳои худро амалӣ созем ва наслҳои ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем.Дар ҳамин замина, соҳаи илму маориф, ки меҳвари асосии ташаккули фикрии ҷомеа ва рукни муҳими пешрафти давлат ба шумор меравад, пас аз истиқлолият ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардид. Соҳаи маориф яке аз муҳимтарин соҳа ба шумор рафта Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба он аҳаммияти хоса зоҳир кардааст.

Таълиму тарбияи насли наврас омили асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз ин рӯ то имрӯз садҳо барномаи давлатӣ ва иқдомҳои судманд дар самти рушди маориф амалӣ шудаанд:Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (бо тағйиру иловаҳо); Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии он бо талаботи ҷаҳони муосир; Барномаи давлатии «Рушди маориф барои солҳои 2021–2025».Сохтмони ҳазорҳо муассисаҳои таълимии нав, аз ҷумла мактабҳои замонавӣ, литсейҳо, гимназияҳо, синфхонаҳои компютерӣ ва лабораторияҳо, таҷҳизонидани мактабҳо бо технологияҳои иттилоотӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии навин; ворид кардани реформаҳои таълимӣ ба мисли таълими кредитӣ дар мактабҳои олӣ ва таълими компетентнокӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна.

Баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани музди меҳнат ва дастгирии иҷтимоии омӯзгорон, баргузории озмунҳо ва ҷашнвораҳо, ба мисли “Омӯзгори сол”, барои ҳавасмандсозии кадрҳои соҳа.Дар давраи Шуравӣ бисёре аз самтҳои илмӣ таҳти назорати марказии Маскав қарор доштанд ва озодии илмии воқеӣ вуҷуд надошт. Баъди соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки сиёсати мустақили илмию тадқиқотии худро пеш барад. АМИТ маркази асосии фаъолияти илмӣ дар кишвар буда, дар он даҳҳо пажуҳишгоҳу марказҳои илмӣ амал мекунанд; тақвияти фаъолияти илмӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла табиатшиносӣ, технология, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва тиб; ташкили форумҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ, ки олимони тоҷикро бо ҳамтоёни хориҷӣ мепайванданд.

Ташкили Марказҳои инноватсионӣ ва паркҳои технологӣ дар назди донишгоҳҳо; ҷорӣ шудани барномаҳои грантӣ барои ҷавонон, ба мисли “Фонди президентӣ оид ба дастгирии олимони ҷавон”; рушди магистратура ва докторантура, ҳамчун зинаҳои муосири тайёр кардани мутахассисони илмӣ; афзоиши нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ; ҳамкории илмии байналмилалӣ бо донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии хориҷӣ; ҷорӣ намудани платформаҳои рақамӣ барои таълими фосилавӣ ва тадқиқоти илмӣ.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, низоми таҳсилоти олӣ низ ба ислоҳот фаро гирифта шуд: пайвастан ба Ҷараёни Болония ва ҷорӣ шудани низоми таҳсилоти кредитӣ; афзоиши муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла таъсиси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва ғайра; баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии дипломҳои тоҷикӣ дар бозори меҳнати байналмилалӣ.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро ҳамчун калиди пешрафт ва пояи устувори давлатдории миллӣ арзёбӣ мекунанд. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020–2040 амалӣ шуда истодааст; солҳои алоҳида ҳамчун Соли маориф, илм, рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудаанд; стипендияҳо, грантҳо ва дастгириҳои гуногун барои донишҷӯёну олимон таъсис дода шудаанд.Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд дарк кунад, ки ҳифз ва қадрдонии истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷик ва тоҷикистони мебошад.

Танҳо бо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва заҳмати содиқонаю софдилона метавонем истиқлолиятро пойдор нигоҳ дорем ва онро барои наслҳои оянда ҳамчун муқаддасот мерос гузорем.