Таърихи 06.07.2024. то 17.07.2024 дар заминаи шартномати дуҷониба байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Сибир дар ш. Красноярски Федератсияи Русия 4 нафар донишҷӯёни факултет дар барномаи “Донишгоҳи тобистонаи 2024” иштироки фаъолона намуданд. Дар барномаи мазкур аз якчанд макотиби олии давлатҳои гуногуни ҷаҳони муосир намояндагон-донишҷӯён иштирок намуданд. Дар баргузории барномаи мазкур донишҷӯён дар 10 лексияҳои ихтисосӣ, 7 семинарҳои илмӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва экскурсияҳои геологӣ фаъолона иштирок намуданд. Барномаи мазкур ба донишҷӯён писанд омада дар баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбини донишҷӯён кӯмак мерасонад. Садорати факултет барои дастгирии ҳамаҷониба ба раёсати Донишгоҳи азизамон изҳори ташаккур менамояд.
Дар анҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилкунандагон ба донишҷӯёни факултет диплом тақдим карда шуд.