ҶИНОЯТКОРӢ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ МУОСИР

37

Ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ба сулҳ, амният ва адолат ниёз дорад. Аммо, мутаассифона, дар баробари пешрафти тамаддун, илму техника ва рушду тараққиёти иқтисодӣ, падидаи номатлуб-ҷинояткорӣ боқӣ мемонад, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунад. Ин падида на танҳо қонуншиканӣ, балки инъикоси мушкилоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа мебошад.Ҷинояткорӣ маҷмуи амалҳое мебошад, ки қонунҳои амалкунандаи давлатро вайрон намуда, ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон зарар мерасонад.

Дуздӣ, қаллобӣ, зӯроварӣ, фасод, қочоқ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ намунаи чанде аз шаклҳои ҷинояткорӣ мебошанд.Хатарнокии ҷинояткорӣ дар он аст, ки он на танҳо ба як шахс, балки ба тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҷинояткорӣ ҳисси боварии шаҳрвандонро коста намуда, оромии ҷамъиятиро халалдор мекунад ва садди роҳи рушди устувори давлат мегардад.Пайдоиш ва густариши ҷинояткорӣ сабабҳои гуногун дорад. Яке аз омилҳои асосӣ – мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Камбизоатӣ, бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва паст будани сатҳи зиндагӣ метавонанд шахсро ба роҳи ҷиноят тела диҳанд.

Омили дигар – паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аст. Вақте инсон қонунро намедонад ё ба он беэътиноӣ мекунад, эҳтимоли қонуншиканӣ зиёд мешавад. Ҳамчунин, тарбияи нодурусти оилавӣ, набудани назорати падару модар, муҳити носолим ва таъсири гурӯҳҳои манфӣ нақши муҳим мебозанд.Дар ҷаҳони имрӯза таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет низ ба назар мерасад. Баъзе ҷавонон бо таъсири иттилооти нодуруст ва намунаҳои бардурӯғи “қаҳрамонӣ” қарор гирифта, ба ҷиноят рӯ меоранд.Ҷавонон қишри фаъолтарин ва ояндасози ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Аммо маҳз ҳамин гурӯҳ бештар осебпазир аст. Набудани ҷойи кор, камтаҷрибагӣ, эҳсосотгароӣ ва хоҳиши зуд ба даст овардани маблағ ё обрӯ баъзан онҳоро ба амалҳои ғайриқонунӣ мебарад.Аз ин рӯ, тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун вазифаи аввалиндараҷаи оила, мактаб, донишгоҳу донишкадаҳо ва ҷомеа мебошад. Ҷавоне, ки бо илм, касбу коре машғул аст, ҳеҷ гоҳ роҳи ҷиноятро интихоб намекунад. Мубориза бо ҷинояткорӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъулияти ба дӯши ҳамаи мардум мебошад.

Оила бояд заминаи тарбияи дурустро гузорад, муассисаҳои таълимӣ бояд маърифати ҳуқуқиро тақвият бахшанд, воситаҳои ахбори омма бояд паёмҳои тарбиявию огоҳкунандаро паҳн намоянд.Давлат низ дар ин самт сиёсати мушаххасро пеш мебарад: такмили қонунгузорӣ, пурзӯр намудани назорати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҷазои одилона барои қонуншиканӣ. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки пешгирӣ аз ҷазо авлотар аст. Агар сабабҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷинояткорӣ бартараф карда шаванд, сатҳи он ба таври назаррас коҳиш меёбад.

Яке аз роҳҳои муҳимтарини коҳиш додани ҷинояткорӣ – баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Шахсе, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро медонад, камтар ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад ва метавонад аз ҳуқуқи худ ҳимоя кунад.Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз овони кӯдакӣ оғоз ёбад. Дар боғчаҳои бачагона, мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, колеҷу омӯзишгоҳҳо ва ҷойи ҷамъиятӣ бояд ба Конститутсия, қонунҳои амалкунанда, адолат ва масъулият қатъиян риоя карда шавад.Хулоса љинояткорӣ падидаи номатлубест, ки ба оромӣ, амният ва ояндаи ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ мерасонад. Мубориза бо он танҳо бо роҳи ҷазо имконнопазир аст. Танҳо тавассути тарбияи дуруст, баланд бардоштани сатҳи маърифат, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ва ҳамкории давлату ҷомеа метавон сатҳи ҷинояткориро коҳиш дод.

Ҷомеаи солим бояд аз шахсони масъулиятшинос ва адолатпарвар иборат бошад. Агар ҳар як шаҳрванд саҳми худро гузорад, мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он ҷинояткорӣ ҷой надошта бошад ва оянда бо боварӣ ва умед сохта шавад.

Мудири кафедраигеология ва менеҷменти маъдану техникаифакултети геологияи ДМТ дотсент, ҚОДИРОВ А.А.