Рӯзи (05.03.2024) дар Шурои муштараки диссертатсионии 6D.KOA-057 назди ДМТ ва ИГСЗТ АМИТ, ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техника МУРОДЗОДА АБРОР АҲРОР баргузор гардид.
Мавзуи рисолаи номзадии МУРОДЗОДА АБРОР АҲРОР «ГЕОЛОГИЧЕСКИЕ УСЛОВИЯ ФОРМИРОВАНИЯ И ПЕРСПЕКТИВЫ КУМ-МАНОРСКОГО ЗОЛОТОРУДНОГО ПОЛЯ» (ЦЕНТРАЛЬНЫЙ ТАДЖИКИСТАН) буда, ба масъалаи муҳими геология равона гардида, барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз рӯйи ихтисоси: 25.00.11 – Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения мебошад, бомуваффақона ҳимоя гардид.
Роҳбари илмӣ: номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Ниёзов Ансор Соҳибович мебошанд.
Вобаста ба ин, садорат, устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултети геологияи ДМТ устодро табрику таҳният намуда, барояш дар корҳои минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ бурдбориҳои беназирро хоҳонанд.