ДИДАН НАМУДАНИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАКУЛТЕТИ ГЕОЛОГИЯ

18

Санаи 04.12.2025 якҷоя бо ҳамроҳии раҳбарияти донишгоҳ ва комиссияи экспертии аккредитатсияи байналмилалӣ аз озмоишгоҳи минералогия ва петрография ва музейи минерологии факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Бояд қайд намоем, ки дар аккредитатсияи байналмилалӣ ихтисоси 51010100 – аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок мегузаранд.Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 ихтисос: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, журналистика, аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои фоиданок, информатика, забонҳои муосири хориҷӣ (англисӣ), филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, стоматология (дараҷаи бакалавр) аз рӯйи панҷ кластер аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.

Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани шаҳодатномаи мутобиқатро доро мебошад.