Санаи 04.03.2025 дар факултет бахшида ба Рӯзи модар чорабинии баргузор гардид, ки дар он устоди кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ Абдулаева Мунавара иштирок ва суханрони намуданд.
Чорабинии мазкурро декани факултети геологияи ДМТ Андамиён Р.Ш. оғоз бахшида меҳмон ва ҳозиринро ба муносибати 8-уми март табрику таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатии комил, рӯзгори осуда ва хонаи обод таманно намуданд.
Сипас муаллимаи гиромӣ Абдулаева М. ба сухан баромада ҳозиринро ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ 8-уми март – “РӮЗИ МОДАР” табрик гуфта, ба ҳамаи бонувон ва донишҷӯдухтарони факултет, дар симои онҳо ба ҳамаи занони кишвари азизамон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.Қайд намуданд, ки эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.
Дар анҷоми чорабини аз ҷониби Садорати факултет ба меҳмон, кормандони техникӣ ва донишҷӯдӯхтарони фаъоли факултет, СИПОСНОМА ба муносибати 8-уми март – “РӮЗИ МОДАР” супорида шуд.