БУЗУРГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР «ВАҲДАТИ МИЛЛИ» ВА САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ МЕБОШАД

228

Тоҷикистони азизи мо дар остонаи ҷашни бузург – 26 солагии Ваҳдати милли қарор дорад. Ин санаи таърихӣ ба ҳам пайвандии амиқи узвӣдошта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши азим бозидаанд.Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ мебошад.Рӯзи Ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддиву маънавӣ ҷони ҳазорон қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз аке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.Сарвари давлати тоҷикон ҳануз дар Иҷлосияи Шонздаҳуми Шурои Олӣ эълон дошта буд, ки мусолиҳа ва ваҳдати миллӣ ягона роҳи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст. Ин дар замоне буд, ки мухолифати шадиди мусалаҳонаи солҳои 1992 – 1997 дар таърихи худ душвортарин давр, ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид. Хушбахтона, миллати хирадманди тоҷик даъвати Президенти кишварро хуш пазируфтанд ва ҷонибдори он гаштанд.Он дар замоне ба амал пайваст, ки тоҷикон зимни иродаи модарзодии хеш сари мизи гуфтушунид нишастанро аз бар карданд ва аз баҳри тафаккури дастнигар гузашта, ба фикри мустақилонаву манфиатбори хеш оромона даст ба даст доданро ҳифз карданд.Албатта сермаҳсул будани ин музокиротҳо имконият доданд, ки 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокироти байни тоҷикон барпо гардад.27 июни соли 1997 ҳуҷҷати барои тоҷикон ва Тоҷикистониён муҳимтарин «Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз тарафии Президенти ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари «Иттиҳоди мухолифини тоҷик» Саид Абдуллои Нурӣ имзо гардид. Дар қатори ин ҳуҷҷат боз «Изҳороти Москва», «Протоколи ҳамдигарфаҳамӣ» ва ғайраҳо имзо шуданд.Ҳамин тавр, музокироти байни тоҷикон, ки баҳри сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 1994 оғоз гардида буд, 27 июни соли 1997 бо натиҷаи хуб анҷом ёфт. Яъне, ин музокирот 40 моҳ давом карда, душвориҳои зиёдро паси сар намуд ва ниҳоят ба мақсад расид. Бо ҳамин чанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 майи соли 1992 сар шуда буд, 27 июни соли 1997 бо ваҳдати миллӣ анҷом ёфт. Бинобар ин дар ҷумҳурии мо ҳар сол 27 – уми июн ҳамчун «Ваҳдати миллӣ» ҷашн гирифта мешавад.Ба итмом расидани ҷанги шаҳрвандӣ ва ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ аҳамияти бузурги таърихи дорад. Он на танҳо давлатдории соҳибистиқлоли тоҷиконро аз парокандагию нестшавӣ раҳоӣ дод ва қариб ҳамаи гурезагони иҷбориро баргардонид, балки исбот намуд, ки ҳангоми дар мадди аввал гузоштани манфиати миллат ҳар гуна душвориҳоро паси сар кардан мумкин аст. Бо ҳамин сабабҳо бисёре аз ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои ҷаҳонӣт аҷрибаи сулҳи тоҷиконро аз ҳар ҷиҳат омӯхта истодаанд.Ваҳдати миллӣ тавонист, ки дар ҷавҳари ҷони афроди миллатамон маърифати ватандорӣ ва ватанхоҳиро тарбият карда бошад. Албатта, дар густариши маърифати миллати мо, ки пойдевори бисёр бузурги он дар сиёсати дурбинонаи Роҳбари давлат нуҳуфтааст, ин ҳама дастовардҳоро амалӣ намуд.Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 50 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудандИмсол 27 июн аз рӯзи созишномаи сулҳи миёни тоҷикон 26 сол мегузарад. Бовари дорем, ки ба шарофати ваҳдату ягонагӣ мардуми тоҷик душвориҳои дигари иқтисодӣ ва иҷтимоии худро бартараф мекунад ва кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ шӯҳрат ва эътибори калонеро соҳиб мешавад.

Шомаматов Хуршед – муаллими калони кафедраи
геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология ДМТ