Санаи 27 июни соли ҷорӣ аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расо 26 сол пур мегардад. Мардуми шуҳратёру шарафмади тоҷик 26 соли таърихӣ мешавад, ки бо имзои ин созишномаи давлатсозу миллатсолор боҳам омада, ҳаёти саршори ободиву пешравиро сипари менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки дар баробари дигар санаҳои таърихии тақдирсоз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи вижа дорад. Барои исботи муҳимияти ин созишнома метавон ба таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯ оварда, чанд нуктаро баён сохт.Аз ҷумла, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ мустақил гардида, бо рамзу парчами худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати озод шинохта шуд. Мутаасифона дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ афроде, дур аз арзишҳои миллӣ, ори аз наyгу номуси ватандорӣ вориди майдони сиёсат гардида, бо истифода аз мардуми ом Тоҷикистони нав мустақилшударо ба оташи ҷанги шаҳрвадӣ кашиданд.Аз моҳи майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Саркадагони ҷанги шаҳрвандӣ бо хоҷагони хориҷии худ умед бар он баста буданд, ки рӯзе истиқлолияти Тоҷикистон шикаста шуда, минтақаҳои он аз ҳам гусаста мегарданд. Аммо бо амри тақдир ва сарнавишти неки тоҷикон аз саннаи 16 ноябри соли 1992 ҳаракати таърих дар Тоҷикистон ранги дигар гирифт.Дар ин рӯз меъмор ва наққоши Ваҳдати миллӣ тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсат гардид. Омодани Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик пайки хушу тозаеро тақдим намуд. Мардуми тоҷикро аз куи ноумедиҳо бо умедҳои бузург пайваст намуд. Ӯ мардуми тоҷикро дар мубориза бар муқобили ҷангу бедодгари даъват намуда нахустин ҳарфи худро аз сулҳ оғоз куард. Аз минбари Шурои олӣ иброз намуд, ки “Ман барои Тоҷикистон сулҳ меорам”. Воқеан ин абармарди нотакрори миллат ба нахустин ҳарфи худ содиқ монда, Тоҷикистонро ба ватани сулҳ табдил дод. Санаи 27 июни соли 1997 дар ниҳоят “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.Аммо аз ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон харобаҳои зиёде мерос монда буд. Дар давраи ҷанги шаҳрванди чандин кӯдак ятиму бепарастор, чандин зан бевазан, чандин модару падар ҷудо аз фарзандӣ худ ва чандин шаҳру деҳотҳо харобу валаyгор гардида будан. Дар умум ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми самтҳои хоҷагидории мамлакат таъсири худро гузошта буд. Хушбахтона ваҳдати баҳам омадаи мардуми тоҷик тамоми нораосиву мушкилотҳои аз ҷанг боқимонадаро ҳалу фасл намуд.
Созишномаи истиқрори сулҳ роҳи рушди усвори Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард. Пас аз соли 1997 раванди ободкориҳо дар кишвар оғоз гардид. Дар як марҳилаи начандон тулонии таърих пайванди воқеии мамлакат ба вуқкъ пайваст. Сохтмонҳои роҳҳои азими байналмилалӣ, аз ҷумла, роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма Қароқум нақби Анзоб ва даҳҳо иншоотњои дигар шурӯъ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо бунёди роҳҳо дар ҳаёти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷкистон тағйироти бузург ба вуқуъ пайваст. Рафту омади шаҳрвадон миёни минтақаҳо осон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати бузурги транзитӣ табдил ёфт.Ваҳдати миллӣ инчунин ба рушди соҳаи энергетика таъсиргузор гардид. Пушида нест, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи энергетика мамлакат осеби бузург дида буд. Бештари неругоҳҳои дар замони мавҷудаяти давлати Шуравӣ сохташуда вайрон ё таъмирталаб гардида буданд. Мурдуми тоҷик хусусан сокинони деҳот аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Аммо бо ҳолати осоишта гузаштани ҷумҳурӣ шароити бунёди неругоҳҳои обӣ-барқиро фарҳом сохт.Ҳукумати мамлакат баҳри бунёди неругоҳҳо ба чандидин давлатҳо шартнома имзо намуд. Аз ҷумла, бо бастани шартнома бо давлаҳои Эрон ва Россия неругоҳҳои Сангтуда-1 ва Сагтуда-2 бунёд гардиданд. Яке аз бузургтарин дастовардҳои Ваҳдати миллӣ дар 26 соли таърихӣ он аст, ки бунёди калонтарин иншооти аср дар минтақа НБО-и Роғун оғоз гардид. Нақшаи сохтмони НБО-и Роғун ҳанӯз дар замони мавҷдияти Шӯравӣ таҳрезӣ гардида буд. Аммо бо сабаҳои мавҷуд бунёди он давра ба давра ба таъхир гузошта мешуд. Ваҳдати миллӣ ва мутсақилии ҷумҳурӣ ҳамаи монеаҳоро бартараф намуда, дар сохтмони он тамоми миллати тоҷикро сарҷамъ намуд. Хушбахтона ду агарегати он имруз ба фаъолият оғоз карда, сохтмони боқимаондаи нерӯгоҳ идома дорад. Дар умум дар самти истиқлолияти энергетиӣ метавон иброз намуд, ки ваҳдати миллӣ истиқлоли энергетикиро пурра дар ҷумҳури таъмин намуда, ҳатто Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз содиркунандагони неруи барқ дар минтақа табдил дод.Мактабу мориф низ дар 26 соли ваҳдатдорӣ тараққиёти бесобиқаро касб намуд. Бояд иброз намуд, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ маорифи мамлакат хеле зарар дид. Дар он давар як қатор муассисаҳои таълими сухта нобуд гардида, як қатори дигарашон ба макони зисти гурӯҳҳои силоҳбадаст табдил ёфта буд. Хонандагону муассаҳои таълими ба ҷои мактаб кучаро интихоб намуда, думболи рисқи ҳарӯзаи худ мегаштатнд. Мактабҳо ба норасоии китобу дафтар ва ҷои нишашст рӯ ба рӯ гардида буданд. Дар умум маорифи кишвар аз ҷанги шаҳрванди зарари зиёд мерос гирифт. Пас аз имзои созишномаи сулҳ дар ин самт низ давари рушд фаро расид. Бунёди муассисаҳои таълимии нав бо таъмини таҷҳизоти замонавӣ роҳандози гардид. Барои хонадагони тамоми зинаҳои таҳсилот шароити мусоииди таълими фароҳам оварда шуд. Дар муассисаҳои таълими ва олии касби шумораи таҳсилкунандагон ба маротиб афзоиш ёфт. Дар муассиаҳои таҳсилоти олии касби ихтисосҳои нав вобаста ба талаботи бозори меҳнат кушода гардид. Шумораи муассаҳои таҳсилоти олии касби аз 7-тои замони Шуравӣ ба 41 расид. Шумораи номзадҳо ва докторини илм дар тамоми риштаҳои илмӣ хеле афзуд.Дар умум вобаста ба ваҳдати миллӣ бояд қайд намуд, ки рушди Тоҷикистон соҳибистиқлол бевосита ба он вобастагӣ дорад. Агар мо аз дидгоҳи таърихӣ вазъи кунуни ва гузаштаи тамоми давлатҳоро мавриди омузиш ва таҳлил қарор диҳем ба хуби пай мебарем, ки ҳамон халқият ва миллатҳое ба охирин нуктаи орзуи худ маваффақ гардидаанд, ки асли давалтдориашон аз ваҳдат сарчашма мегирад. Ин ҳолат дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол хел возеҳ аст. Пеш аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил гардида буд. Мутаасфона бинобар сабаби ҷанги шаҳрванди ва боҳам набудани миллати тоҷик давлат дар ҳолати буҳрони қарор дошт. Пас барои ҳар як тоҷикистони зарур аст, ки пайваста таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро дар хотир оварда, Ваҳдати миллиро мисли гаҳваракаи чашм ҳифз намояд.
Домой Ахбор