Санаи 20.11.2025 дар факултет бо ташаббуси кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур устодон ва донишҷӯёни ихтисоси гидрология ва пиряхшиносии факултет фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамоишро декани факултети геология н.и.и., дотсент Холзода Б.К. оғоз намуда, меҳмононро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Баромадкунандагон асосан дар доираи масъалоҳои обу иқлим, ки ташаббусҳои амалигардидаи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст маълумот пешниҳод намуданд.
1. Нақши гидрогеология вобаста ба коҳишёбии майдонҳои яхии Тоҷикистон ва раванди татбиқи ҳадафҳои рушди устувор – Шарифзода Гул Ваҳҳоб н.и.г.-м, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ;
2. Моделсозии физикии динамикаи ҳаракати пиряхҳои Тоҷикистон – Каримов Фаршед Ҳилолович д.и.ф-м., профессори кафедраи геология ва икиишофи ККФ;
3. Иқдомҳои наҷиби Пешвои Миллат дар самти омӯзиш ва ҳифзи захираҳои обӣ – Ҷурабеков Тамлихо – сардори шуъбаи пешгӯӣ, иттилооот ва бойгонии Маракази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ;
4. Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби ҳавзаи дарёи Панҷ – Мирзохонзода Ситора Олтибой – н.и.тех., дотсенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи ДМТ;
5. Атласи кулҳои пиряхии Тоҷикистон ва нақши GIS технология дар таҳлил ва харитасозии кулҳои пиряхӣ – Ҳиёев Амиршо сармутахассиси шуъбаи яхшиносӣ ва барфу тармасанҷии Маракази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ.
Баромадкунандагон оид ба омӯзиш ва баҳо додани минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ва ё ин ки ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ, ҳолати пиряхҳои назоратӣ (репрезентивӣ) дар ҳар як ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла пиряхҳои: Хирсон ва РГО –ҳавзаи дарёи Ванҷоби ноҳияи Ванҷ, Гармо, Дарвоз ва Мазорӣ –ҳавзаи дарёи обихингоби ноҳияи Сангвор (Тавилдара), Баралмос, Дидал ва Қизилкули – ҳавзаи дарёи Сурхоб ноҳияи Нуробод ва Лахш, Зарафшон, ГГП, Рама, Дихаданг ва Турои –ҳавзаи дарёи Зарафшон –ноҳияи Айнӣ, Федченко ва Фортамбек –ҳавзаи дарёи Муқсу, Якарча –ҳавзаи дарёи Варзоби –ноҳияи Варзоб ва ғайраҳо маълумот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиши илмӣ миёни мутахасисони ва устодони донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт ва баъд аз он аз тарафи кормандони Марказ “Атласи кулҳои пиряхии Тоҷикистон” ки ба тозагӣ нашр шудааст барои устодон туҳфа карда шуд.















