Мувофиқи шартномаи дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия имрӯз 13.11.23 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лексияи маҷозии (ОНЛАЙНИ) д.и.г.-м., профессор ИГНАТОВ П.А. мудири кафедраи геологияи конҳои канданиҳои фоиданоки донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе баргузор гардид. Дар лексияи маҷози устодон ва донишҷуёни факултети геологияи ДМТ иштироки фаъол намуданд. Дар анҷом саволҳо аз ҷониби устодон ва донишҷӯён ба профессор ИГНАТОВ П.А. дода шуда ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Дар баргузории лексия мушовири Ректори донишгоҳи давлатии геологию иктишофии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе д.и.иқт., профессор Курбанов Нурали Ҳайдарович иштирок ва суханрони намуданд.