АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

56

Санаи 14.02.2025 дар факултети геологияи ДМТ семинари илмию назариявӣ бахшида ба соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Мониторинги захираҳои обӣ, истифодабарии моделҳои гидрометеорологӣ барои пешгӯйиҳои обуҳавошиносӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ” бо иштироки кормандони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Семинари мазкурро декани факултети геологияи ДМТ Андамиён Р.Ш. оғоз бахшида, меҳмононро ба факултет хайрамақдам намуд.Сипас Раҳимзода Амрулло Сикандаршо — докторанти PhD-и курси 3-юми кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар мавзуи “Мониторинги захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Манзура Ҷумахонова — сардори Шуъбаи пешгӯйии бодуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ таҳти мавзуи “ Бо кадом нишонаҳо мумкин аст абрҳои жоладорро муайян намуд”, Сафархон Шарофиддинов — сардори Шуъбаи пешгӯйии обшиносии Агентии обуҳавошиносӣ дар мавзуи “Мониторинги майдони барф барои баланд бардоштани дурустии пешгӯйиҳои гидрологии MODSNOW дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон” баромад намуда, масъалаҳои вобастаи обу иқлимро ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ доданд.

Дор охир Андамиён Р.Ш. дар мавзуи “Омода намудани кадрҳои соҳавӣ” баромад намуда,саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро оид ба омодашавии кадрҳоизамони муосир бо ҳозирин маълумот дод.

Дар анҷоми кори семинар байни устодон ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт.