ҚАДАМИ АВВАЛ – БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ГЕОЛОГИИ ПЕКИН

146

Бо дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон , имрӯз (01.12.2023) декани факултети геологияи ДМТ , дотсент Андамов Р.Ш. ва мудирони кафедраҳои марбути факултет намояндагони Донишгоҳи геологии Пекинро пешвоз гирифта, бо онҳо сӯҳбат доир намуданд.

Сараввал декани факултет, дотсент Андамов Р.Ш. меҳмононро ба факултет хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои ташриф оварданашон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Зимни суҳбат намояндагони Донишгоҳи геологии Пекин доираи имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳи худ ва ихтисосҳои амалкунанда маълумот дода, тарафи моро барои ҳамкории тарафайн дар самти омодакунии кадрҳо ва мутахассисини соҳа даъват намуданд.

Сипас декани факултет Андамов Р.Ш. вобаста ба сохтори донишгоҳ ва факултети геология маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз имкониятҳои донишгоҳ ва факултет суханронӣ намуд. Дар рафти суҳбат ҳамчунин мудирони кафедра сухан гуфта, пешниҳодоти дуҷонибаро саривақтӣ ҳисобиданд.

Дар хотима, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳар чи зудтар ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, шартномаи тарафайнро дар сатҳи роҳбарияти донишгоҳҳои мазкур омода намуда, ба имзо расонанд.