ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ ФАКУЛТЕТ ДАР ОЗМУНИ ҶАҲОНИИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ

119

#медали_биринҷи_муборак_бошад!

Рӯзҳои 28–29 сентябри соли 2026 дар Устохонаи Лубани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ марҳилаи интихобии минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар доираи озмуни ҷаҳонии малакаҳои касбии донишгоҳҳо ва коллеҷҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид.

Дастаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии устодони факултет Ниёзов О.Ҳ., Ниёзӣ А.С. ва Қодиров А.А. ва дар ҳайати даста донишҷӯёни факултет бошад Иброҳимов А., Боронов Ш., Сафаров И. ва Қурбонов Ш. маҳорати касбӣ ва донишу малакаи амалии худро нишон дода дар марҳилаи интихобии минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти «Таҳқиқоти геологӣ ва геодезия» иштироки фаъолона намуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои озмун дастаи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медалҳои биринҷи ва Шаҳодатномаҳо сарфароз гардонида шуданд, ки бо ин натиҷаи арзанда саҳми худро дар муаррифии иқтидори касбӣ ва илмии донишҷӯёни донишгоҳ гузоштанд.

Садорат, устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет ба дастаи факултет муваффақиятҳои нав, дастовардҳои бештар, пирӯзиҳои минбаъда, комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илмӣ ва касбиро орзӯманданд.

#PS. Баргузори ва омодасозии чорабинӣ Донишгоҳи касбӣ-техникии идоракунии сохтмони шаҳрии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.