Дар таърихи аз 14 то 18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Будапешти давлати Маҷористон Конгресси ҷаҳонии обҳои зеризаминии IAH 2026 баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ Андамиён Раҷабалӣ Шамс намояндагӣ намуданд.
Дар конгресс аз кишварҳои гуногун олимону мутахассисон ва муҳаққиқони соҳаи гидрогеология иштирок намуданд ва доир ба соҳаи мазкур, мушкилоти об дар арсаи ҷаҳонӣ, захираҳо ва идоракунии устувори об маърузаҳои илмӣ шунида шуд. Барномаи кории конгресс сафарҳои саҳроӣ, маърӯзаҳои асосӣ, ҷаласаҳои илмии мувозӣ, муҳокимаҳои пленарӣ, ҷаласаҳои постерӣ, ҷаласаҳои шабакавии касбӣ ва ҷаласаи солонаи умумии IAH-ро дар бар гирифта, барномаи илмии он доираи васеи мавзӯъҳои муосири обҳои зеризаминиро фаро гирифт.
Яке аз нуктаҳои муҳим ҷаласаи пленарии “Обҳои зеризаминӣ дар қалби Конфронси оби СММ 2026: Мавқеъҳои IAH ва дурнамои СММ” ва ҷаласаи пленарии “Ба сӯи Шабакаи байнисоҳавии устувории обҳои зеризаминӣ (GGSN)” буданд. Дар раванди баргузории барномаи илмӣ инчунин фаъолиятҳои Комиссияи обҳои зеризаминӣ ва тағйирёбии иқлим, Комиссияи идоракунии пуркунии қабати об, Шабакаи оби зеризаминии шаҳрӣ ва дигар шабакаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Барои ДМT иштироки мутахассисони он дар ин чорабинии байналмилалии илмӣ ба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтидори касбӣ дар гидрогеология, мониторинги обҳои зеризаминӣ, арзёбӣ ва идоракунии устувори обҳои зеризаминӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин иштирок дар Конгресс имконияти муҳимеро барои мубодилаи донишҳои илмӣ ва таҷрибаи амалӣ, барқарор ва тақвияти робитаҳои касбӣ ва омӯхтани равишҳои кунунӣ ба тадқиқоти обҳои зеризаминӣ, арзёбӣ ва идоракунии устувор фароҳам овард.
Ҳамин нуқтаро бояд қайд кард, ки ширкати устод Андамиён Раҷабалӣ Шамс дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи идоракунии обҳои зеризаминӣ (GWMP) дар вилояти Суғди Тоҷикистон, ки аз ҷониби HELVETAS Swiss Intercooperation дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад бо дастгирии Институти таълими обии IHE Delft ба роҳ монда шуд. Устод ҳаммуаллифи маълумотномаи “Пайдоиш дар мушкилот ва тақвияти таълими обҳои зеризаминӣ ва пешрафти устувор дар Тоҷикистон” дар шакли плакат ба ҳисоб рафта, онро дар рафти кори конфронс муаррифӣ ва ба саволҳои намояндагони дигар ширкатҳою корхонаҳои соҳавии ҷаҳонӣ ҷавоб гуфтанд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба доктор Бриндха Картикеян намояндаи Институти таълими обии IHE Delft ва ҳамчунин ба Ассотсиатсияи HELVETAS Swiss Intercooperation дар Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамкории онҳо дар фароҳам овардани ин имконият, ширкати олимону мутахассисони тоҷик, ба хусус Донишгоҳ дар чорабиниҳои муҳими байналмилалии касбӣ ва илмӣ изҳори сипоси самимӣ менамояд ва ба ҳамкории минбаъдаи илмӣ, мубодилаи дониш ва рушди касбии мутахассисони ҷавон дар соҳаи гидрогеология, идоракунии обҳои зеризаминӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои устувори об мусоидат ва омодагии ҳамешагии худро изҳор мекунад.












