ҶАЛАСАИ САДОРАТИ ФАКУЛТЕТ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ

17

Санаи 18.11.2025 дар бинои донишкадаи таълимию фарҳангӣ Конфутсийи назди ДМТ мувофиқи нақша чорабиниҳои садорат вохурӣ бо волидайни донишҷӯёни курсҳои 1-ум дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Сараввал декани факултет дотсент, Холзода Б.К. волидайнонро барои ташриф оварданашон ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам ва изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки садорати факултет пайваста кушиш менамояд бо волидайни донишҷӯёни факултет чунин вохуриҳоро ба роҳ монда, мудом аз рафтору кирдори донишҷӯён волидайни онҳо низ огоҳ бошанд.

Сипас, сардори сарпарастони донишгоҳ Ҷаъфарзода Илҳом ба сухан баромада иброз намуд, ки мақсади баргузории чунин вохуриҳо барои боз ҳам боло бурдани сатҳи маърифатнокии фарзанд, таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии факултет ва донишгоҳ, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатӣ кори муфиду самаранок мебошад.

Дар вохурӣ ҳамчунин қайд карда шуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимои интернети ва мақсаднок истифода бурдани телефонҳои мобилӣ аз назар дур нест.