9-уми сентябри соли 1991 барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз кишвари мо Истиқлоли худро эълон карда, самти минбаъдаи рушди давлатдории миллиро бо роҳи демократӣ ва дунявӣ муайян сохт.Истиқлол барои ҳар шахси худогоҳу хештаншинос мафҳуми муқаддас ва бузург маҳсуб меёбад. Маҳз тавассути истиқлол кишвари мо – Тоҷикистони азизро 165 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтанд. Даврони истиқлол ба мо имконият дод, ки рамзҳои давлатии худро – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ таъсис диҳем. Дар ин давра муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, тиҷорат, роҳу пулҳо, нақбу сохтмонҳои муҳими кишвар бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо шаҳодати онанд, ки мардуми кишвар ба ояндаи дурахшон ва пойдори худ бовар доранд ва дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, ободии ҳар як гӯшаву канори Ватанро таъмин менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолро ҳамеша ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик маънидод намуда, дар суханрониҳои худ мардумро ба ҳифзу арҷгузорӣ ба он роҳнамоӣ мекунанд. Дар яке аз маърӯзаҳои худ таъкид намуданд: «Маҳз истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».Дар давоми 34 соли Истиқлол, дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, соҳаи геология низ рушду такомул ёфт. Ин беҳуда нест. Зеро 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар қаъри онҳо канданиҳои фоиданоки зиёд мавҷуданд.Ҳукумати кишвар дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат, истифодаи оқилонаи захираҳои табииро самти афзалиятнок қарор додааст. Беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти маъданӣ дар кишвар ошкор гардидаанд, ки омӯзиш ва коркарди онҳо метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузорад.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 60 номгӯи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла тилло, нуқра, сурб, руҳ, сурма, симоб, ангишт, нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ва ғайра истихроҷ ва коркард мешаванд. Барои рушди ин соҳа мутахассисони соҳавӣ – геологҳо ва муҳандисони саноати кӯҳӣ лозиманд.Факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз куҳантарин боргоҳҳои илму маърифат дар кишвар, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос саҳми босазо дорад. Дар ин ниҳоди илмӣ имрӯз 5 нафар доктори илм, профессор, 18 нафар номзади илм, дотсент ва 10 нафар муаллими калону ассистент фаъолият мекунанд.Навиштани китобҳои дарсӣ дар факултет яке аз бахшҳои муҳими раванди таълим ба ҳисоб меравад.
Дар даврони истиқлол китобҳои дарсӣ аз фанҳои геологияи умумӣ, минералогия, кристаллография, геоэкология, геофизика, геохимия, литология, геологияи канданиҳои фоиданок ва дигар таҳия ва нашр гардидаанд. Дар омода намудани китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ саҳми олимон – А.Р. Файзиев, А.Ҳ. Ҳасанов, М. Ҷанобилов, Б.А. Алидодов, П.А. Муҳаммадиев, К.В. Вазиров, М.М. Фозилов, Ф.Ғ. Ғафуров, Ҷ.Н. Фозилов, И.С. Оймуҳаммадзода, Р.М. Талбонов, Ф.А. Файзиев, С.Н. Ғарибмаҳмадова ва дигарон назаррас аст.Бо густариши соҳа дар даврони истиқлол дар факултет ихтисосҳои нав – амалиёти маркшейдерӣ, иқтисодиёти саноати кӯҳӣ ва пиряхшиносӣ таъсис дода шуданд.
Инчунин, дар асоси ихтисоси “Аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳо”, тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои геоэкология ва геммология ба роҳ монда шудааст.Рӯзи 1‑уми сентябри соли 2010 барои устодону кормандони факултет рӯзи фаромӯшнашаванда гардид, зеро дар ин рӯз бинои алоҳидаи таълимии № 17 дар Шаҳраки донишҷӯён ба истифода дода шуд. Ин иқдом ба факултет имконият фароҳам овард, ки бо синфхонаҳо ва лабораторияҳои муосир муҷаҳҳаз гардад ва шароити таҳсилу омӯзиш беҳтар шавад.Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сатҳу сифати таълим ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ баробар карда шуда, шаклҳои таҳсили бакалавр, магистр ва доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) ба роҳ монда шуд.Дар ин давра як қатор устодону профессорони факултети геология ба муваффақиятҳои назаррас ноил гашта, бо медалҳо, ҷоизаҳо ва унвонҳои баланд сарфароз гардидаанд.
Аз ҷумла, соли 1997 устоди шинохта, профессор А.Р. Файзиев барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои минералогия, кристаллография, геохимия ва омӯзиши канданиҳои фоиданок, инчунин дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон ба унвони узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ҷуз ин, ӯ бо унвонҳои баландтарини илмии хориҷӣ қадрдонӣ шудааст.Соли 2011 – академики Академияи илмҳои табиатшиносии Европа, соли 2015 аъзои фахрии Ҷамъияти умумироссиягии минералогҳо интихоб гардида, дорандаи ҷоизаи ба номи Готфрид Вилгелм фон Лейбнис ва Ордени шарафи Академияи илмҳои табиатшиносии Европа мебошад. Ӯ ҳамчунин сазовори унвонҳои «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998) ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001) гардидааст.Қадршиносии Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти олимони дигар низ далели таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи геология мебошад. Аз ҷумла: Зиёев Ҷ.Ш., Комилов О.К. – «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Фозилов М.М., Ғафуров Ф.Ғ. – Ҷоизаи давлатии ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, Валиев Ш.Ф., Алидодов Б.А., Андамов Р.Ш., Ниёзов А.С. – «Хизмати шоиста», Андамов Р.Ш., Фозилов Ҷ.Н., Холзода Б.К., Файзиев Ф.А., Сафарализода Н.С., Ниёзов О.Ҳ., Ғайратов М.Т. – «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд.Олимони факултет дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Олмон, Фаронса, Испания, Эрон ва ғайра дар минтақаҳои мухталифи кишвар корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок ба анҷом расониданд. Дар натиҷа якчанд минералҳои нав кашф ва ба феҳристи байналмилалӣ ворид карда шуданд, аз ҷумла: файзиевит, фалғарит, бадахшонит, гармит.
Ба шарафи олимони шинохтаи тоҷик – профессорон А.Р. Файзиев, А.Ҳ. Ҳасанов ва дотсент Ф.Ш. Искандаров – минералҳои нав бо номҳои файзиевит, ҳасановит ва искандаровит номгузорӣ шудаанд. Ин далели он аст, ки заҳмат ва дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва қадрдонӣ мегардад. Илова бар ин, боқимондаи як организми куҳан аз синфи конодонтҳо бо номи Polignatus faizievi ба шарафи профессор А.Р. Файзиев сабт шудааст.Дар давоми солҳои истиқлол, факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳазорон мутахассисони баландихтисос дар самтҳои гуногуни геология ва саноати кӯҳӣ хатм намудаанд.
Айни ҳол дар факултет доир ба самтҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд: геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок; гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ; геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ; коркарди конҳои канданиҳои фоиданок (амалиёти маркшейдерӣ); иқтисод ва идора дар саноати кӯҳӣ; методҳои геофизикии ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок; гидрология ва пиряхшиносӣ. Айни ҳол, факултет бо чунин ихтисосҳо ба тайёр кардани мутахассисон машғул аст ва нақши муассири худро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат иҷро мекунад.
Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик имкони барпо кардани давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таъмини зиндагии озодонаро фароҳам овард. 34 солагии истиқлоли Тоҷикистон – рамзи 34 соли қадамҳои устувор, 34 соли бунёдкориву ободӣ, 34 соли ҷаҳду талошҳо барои амалӣ гардондани ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Ҳар яки моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта ба қадри ин неъмати бузург расем, арзишҳои миллӣ ва истиқлолро ҳифз намоем ва барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми шоиста гузорем.
Файзиев Ф. А., Ниёзов О.Ҳ. – устодони факултети геологияи ДМТ

