БОЗДИД АЗ МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ

37

Имрӯз санаи 12.11.2024 садорати факултети геология бо мақсади аз наздик шинос шудан аз машғулиятҳои донишҷӯёне, ки дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи милли Тоҷикистон таҳсил менамоянд боздид намуданд.

Декани факултет, дотсент Андамиён Р.Ш. зимни суҳбат бо шогирдон қайд намуд, ки имрӯз дар кафедраи ҳарбии ДМТ ҳама гуна шароитҳо барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ муҳайё мебошад ва ба онҳо устодони пуртаҷриба дарс мегӯянд. Таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандустию ватанпарастӣ омода гардида, дар оянда ба ҳайси афсар ба халқу ватани азиз хизмати шоиста намоянд.

Ҳамчунин муовинони декан оид ба таълим, тарбия ва илм бо донишҷӯён суҳбати ошкоро намуда, онҳоро барои иштироки фаъолона дар машғулиятҳои дарсӣ даъват намуданд.

Дар хотима қайд карда шуд, он ҷавононе, ки имрӯз дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил менамоянд, дар адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба кору фаъолияти ояндаашон соҳиби имтиёзҳову бартариҳои зиёд, ба монанди рутбаҳои ҳарбӣ, фаъолият дар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шарафёб мегарданд.